БА РАСУЛ ҒАМЗАТОВ
Ман ба Доғистони ту бе шишаю ҷом омадам,
Гарчи аз Помир чун авлоди Хайём омадам.
Аз сари кӯҳи баланди Тоҷикистон парзанон
Бо тақозои дилу таҳрики айём омадам.
Омадам, то давра гирам бо ҷавонони Ғуниб,
Рози дил гӯям ба оҳучашм хубони Ғуниб.
То занам шояд, ки барқе аз дами шамшерашон
Вақти бозӣ кардани шамшербозони Ғуниб.
Гар ба китфи ман набошад бурка,
ханҷар дар миён,
Бо чӣ фахрам пеши доғистонии абрӯкамон?
Тӯпии худро агар сад бор дар ҷои папах
Сӯяш андозам, ба ман сад бор баргардонад он.
Одамон дар кӯҳ симу ганҷ ҷустуҷӯ кунанд,
Ҷон ба каф бигзошта, бо абру борон хӯ кунанд.
Дӯстдорони суруду назм – доғистониён
Назмро монанди гулҳои баҳорон бӯ кунанд.
Сарзаминат, дӯстам, озода маскан будааст,
Дар дили кӯҳи ту назму шеър маъдан будааст.
Дар фалак, дар осмон, дар деҳаи Хунзах мудом
Ахтари иқболи шоир нурафкан будааст.
Омадам, то нӯшам аз сарчашмаи ашъор ман,
То шавам масту хумор аз соғари саршор ман.
Гар ту соқӣ бошию гар дӯстдорӣ инчунин,
Гирам аз дасти ту ман як бор не, сад бор ман.
Тоҷикон авлоди Хайёманд, гуфтӣ, дӯстам,
Шод фарзандони айёманд, гуфтӣ, дӯстам.
Ҳамқадаҳ ҳастанд бо Хайём доғистониён,
Бо шумо ҳамкасбу ҳамноманд, гуфтӣ, дӯстам.
Хонае, ки дар диёрат чун зиёратгоҳ буд,
Аз тамоми сирру асрори сухан огоҳ буд.
Аз дили шаб то саҳар меҳмоннавозӣ менамуд
Шоири тоҷикро, ки бо шумо ҳамроҳ буд.
Дӯстам, бигзор, бошад кӯза лабрези шароб,
Гӯши мо, бигзор, бошад банд бо чангу рубоб.
Ёри мо, бигзор, бошад бо ду шоир ҳамнафас,
Ҳардуро санҷида, бинмояд якеро интихоб.