Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БАРНО ЙИГИТ

Ба Ғафур Ғулом Шастсола шоири маҳбуби мо, Дӯсти ҷонӣ, рафиқи хуби мо. Мо ғуломи табъи пурҷӯши туем, Мисли ҷону тан дар оғӯши туем. Назмро дарёи бепоён Ғафур, Дӯстиро чашмаи ҷӯшон Ғафур. Нест айёми асогирии ту, Мӯсафедию дами пирии ту. Гарчи як оиларо сардор ту, Ҳам набера, ҳам аберадор ту, Ман намегӯям, вале бобо туро, Чолбобои суханоро туро. Бо муҳаббат гӯямат барно йигит, Хушқаду хушқомату доно йигит. Кӯҳ ҳам дорад сафедӣ бар сараш, Рӯд ҳам чин дар рухи софу тараш. Назми ту кори ҷавонӣ мекунад, Бо ҷавонон зиндагонӣ мекунад. Шӯр андозад ба дил оҳанги ӯ, Ранг бахшад ранги моро ранги ӯ. Кам нагардад табъи оташбори ту, Қувваи ашъори ту, ашъори ту.