Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ОБ ҲАМ ДАРЁ ШУДАСТ

Хостам хомӯш як ҷое, нашуд, Шеър бинвисам ба танҳоӣ, нашуд. Кунҷи танҳоӣ диламро танг кард, Сатрҳои назмро беранг кард. Чун назар кардам ба боғи дилнишин, Боғ буд хомӯш ҳамранги замин. Гоҳ рафтам, то гулеро бӯ кунам, Ҳарчи зебояст, ҷустуҷӯ кунам. Гаҳ ба рӯи сабза каҷпаҳлӯ задам, Дастҳоро гаҳ ба тори мӯ задам. Гаҳ сурудам, гаҳ баровардам наво, Гаҳ шудам бо рӯди кӯҳӣ ҳамсадо. Гаҳ фурӯ гаштам ба болои китоб, Гаҳ зи худ пурсидаму гуфтам ҷавоб: Зеҳ дар он ҷое, ки пурҷӯшат кунад, Зиндагонӣ танг оғӯшат кунад. Зеҳ дар он ҷое, ки табъатро кафил Гардад овози хушу рӯи ҷамил. Зеҳ дар он ҷое, ки бошад дилписанд, То шавад овози гуфторат баланд. Зеҳ дар он ҷое, ки ёронанд ҷамъ, Дар сари иҷрои паймонанд ҷамъ. Зеҳ дар он ҷое, ки бо нози ҳаёт Озмоӣ бештар азму субот. То дар он ҷо матлаби ҳар дил шавӣ, Чун суруди тозае дохил шавӣ. Қатрае гардӣ ту дар фавворае, Заррае аз тобиши сайёрае. Қатра-қатра об ҳам дарё шудаст, Ин замин аз қитъаҳо дунё шудаст.