Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ОБИ ДУШАНБЕ

Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе, Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе. Ҳарчанд, ки ҷорист ба сад асру замонҳо, Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе! Бас модари он синаи пуршаън ҷибол аст, Хушкидани сарчашмаи ин об муҳол аст. Густурда табиат ба раҳаш сабз гилеме, Дорои замин асту замон, ҷоҳу ҷалол аст! То дашти калон сарсари санг аст равона, Аз мағзи дара «маҳмил»-и танг аст равона. Ҳар қатраи худ то ба ҳама халқ расонад, Бо монеаҳо толиби ҷанг аст, равона. Дар соҳили он манзили ман ҷой гирифтаст, Як боғу чаманзор саропой гирифтаст. Бо оби Душанбе шуда ҳамсояи наздик, Ҷо аз ҷигари мамлакати бой гирифтаст. Пас умри ману оби Душанбест муқимӣ, Дар кишвари ман зиндагию зист муқимӣ. Монанди мани шоири дилдодаи ин об Дар рӯи ҷаҳон боз дигар кист муқимӣ?