Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДИЛ БАРНАГАШТ

Тоҷиконро Украина интизорӣ мекашид, Интизорӣ аз камоли дӯстдорӣ мекашид, Кӯчаву боғаш нафасҳои баҳорӣ мекашид, Сабза ҳам нақши гилеми ёдгорӣ мекашид. Каштан аз гул шамъдони нуқрагине сохта, Баргафшон буд ар-ар мисли боли фохта. Бо муҳаббат шаҳр сӯи мо назар андохта, «Хайра мақдам, хайра мақдам» гуфта, қад афрохта. Ман надидам дар ҷаҳон шаҳре, ки бошад чун Киев, Зинати рӯи ҷаҳонро карда якҷо ғун Киев, Кард ақлу ҳуш мадюн, кард дил мафтун Киев, Аз тамошояш намояд рӯйро гулгун Киев. Ӯ ба ёрон марҳабо гӯён, табассум мекунад, Дидаҳоро во ба сӯяш мисли анҷум мекунад. Дӯстро бинад, зи шодӣ дасту по гум мекунад, Софии дилро ба чашмонаш таҷассум мекунад. Рӯи ӯ равшан намояд мавҷи дарёи Днепр, Доманашро пур кунад аз ноз саҳрои Днепр, Қоматашро зеб бахшад қадду болои Днепр, Кай равад аз ёд чун афсона шабҳои Днепр. Хӯрдаам нону намак аз дасти фарзандони ӯ, Лутфу эҳсон ёфтам аз чеҳраи шодони ӯ. Безаволӣ мепарастад ҳусни бепоёни ӯ, Ҳар яке моро бузургӣ медиҳад паймони ӯ. Гарчи худ баргаштам, аммо дил аз он ҷо барнагашт, Аз лаби дарё, канори шаҳри зебо барнагашт. Тоҷикистони азизам, аз гуноҳи дил гузар, К-ӯ дигар аз пеши ёри чашмшаҳло барнагашт.