Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТИРАМОҲ

Шуҳрати бисёр дорад тирамоҳ, Номи лангардор дорад тирамоҳ. Дасти боло, рӯи хандон, чашми сер, Домани пурбор дорад тирамоҳ. Паҳн карда хони зебо дар замин, Нозу неъматҳои дунё дар замин, Мекунад моро ба даргоҳаш хабар, Дорад он тӯю тамошо дар замин. Хам шуда сӯи замин бо эҳтиром, Медиҳам аз номи колхозчӣ салом – Чун дарахти сершоху сербарг, Мисли домоду арӯси некном. Кӯҳсор аз Шарқ чун деҳқони пир Мебарад тӯёнаҳои беназир: Лаълии заррин ба сар бардошта, Ҳар саҳар гӯяд, ки: аз ман ҳадя гир!