Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2587

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1704

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1439

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1389

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1120

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1047

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1024

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 838

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 828

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 789

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 728

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 727

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 712

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 697

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 682

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 658

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 630

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 622

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 614

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Найнома

👁 612

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 603

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 581

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 568

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 562

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 557

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ

👁 16

Зан ҳамеша рафт аз ҳамсояҳо оташ гирифт, Аз дигарҳо бо тавалло, илтиҷо оташ гирифт, Бас, ки гӯгирд он замон чун гавҳари ноёб буд, Аз гадои кӯчаю аз бенаво оташ

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЗАН ЗАН АСТ

👁 24

Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест, Синну соли хешро гуфтан ба занҳо хос нест. Зан, зан асту дар ҳама ҳолат чу зан мемонад ӯ, Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД

👁 55

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри бардавом, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

АСРИ МАН

👁 22

Шиквае аз ту надорам, асри ман, Чун туӣ омӯзгорам, асри ман. Бахти хоболуди ман ҷунбондаӣ, Соҳибэъҷозат шуморам, асри ман.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАРАИ АРӮСОН

👁 10

Аз Душанбе чун бароӣ, кӯҳсор ояд зи пеш, Кӯҳсори пуршукӯҳи обшор ояд зи пеш, Қуллаҳои осмонбӯси Ҳисор ояд зи пеш. Аз Душанбе чун бароӣ, қад-қади рӯди зулол

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАР ЁДИ ҶАВОНӢ

👁 12

Агар бинам туро, орам ба ёдам навҷавониро, Ба мисли чашмаҳо ҷӯшу хурӯши зиндагониро, Ҳама лутфу адоҳои ниҳониву аёниро.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ШЕЪРИ МАН

👁 15

Шеъри ман! Хуни ҷигар, ё пораи дил гӯямат, Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ГУФТУГӮ БО ХУД

👁 12

Шоиро, маънии ғурурат чист? Сабаби кибри нозарурат чист? Ё ки шеъри ҷаҳон мусаххар кард,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ОШЁНИ БАЛАНД

👁 30

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор, Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор. Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад, Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ИНСОН ВА КӮҲ

👁 13

Тангдил ҳаргиз набудӣ дар ҷаҳон, фарзанди кӯҳ, Доштӣ дар санг гарчанде макон, фарзанди кӯҳ. Кӯҳсори тангро як оламе пиндоштӣ, Умри зоеърафтаро беғам даме пиндош

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

СИЛСИЛАИ КӮҲИ ҲИСОР

👁 4

Дидаӣ манзараи силсилаи кӯҳи Ҳисор, Нуқрагун шаршараи силсилаи кӯҳи Ҳисор, Рӯдҳои дараи силсилаи кӯҳи Ҳисор, Акси оҳубараи силсилаи кӯҳи Ҳисор.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЧӮПОН

👁 21

Чӯпон ба сари кӯҳу чаридан рама дорад, Аз санг ба харсанг ҷаҳидан рама дорад. Бӯи гули кӯҳию алафзори чарогоҳ Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

НАҚШИ ПОЙ

👁 6

Биё, эй дилбари кокулбурида, интизорат ман, Биё, эй чашми нилупарварида, интизорат ман, Биё, абрӯю мижгони хамида, интизорат ман, Биё, хонам ба гӯши ту суруди к

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДИЛИ МОДАР

👁 44

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд, Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд. Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд, Ба зери мавҷи дарё

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

САДОИ ПОШНА

👁 8

Дар хиёбон чун ба гӯш омад садои пошна, Дил ба рақсидан даромад дар ҳавои пошна, По ниҳодам беҳушона бо нидои пошна, Нақши поро дидаму тасдиқ кардам, ки туӣ.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ИМТИҲОНАМ…

👁 14

Корвони ишқи мо бо роҳи мушкил меравад. Саъдӣ Аз рӯзҳои аввал донӣ маро, азизам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДУ БАЙТ

👁 18

Нигоҳи ту ба тулӯи ситора монанд аст, Ба тобу тези дили пуршарора монанд аст. Барои додани ҷони ман он хами мижгон Ба нозукона имову ишора монанд аст.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЗАН БОШАД МУДОМ

👁 12

Баҳр агар тӯфон кунад, гӯянд: – Кори офтоб, Бод агар исён кунад, гӯянд: – Кори офтоб. Абр агар борону барф орад, гуноҳи офтоб, Жолаи чун санг агар борад, гуноҳи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

МОДАРАМ

👁 34

Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест, Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чунки то имрӯз, модар, кӯи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАР БОЗОРИ КИТОБ

👁 32

Ба бозори китоб афтод рӯзе Гузори шоири дар тобу сӯзе. Умеде дошт, ки бинад китобаш, Китоберо, ки бурд аз дида хобаш.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БЕТАРАФ

👁 12

Дар Женева субҳ ояд бетараф, Рӯз чашмашро кушояд бетараф, Офтоб аз дар дарояд бетараф, Хонаро равшан намояд бетараф.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЯК НИГОҲ

👁 6

Ҷустуҷӯ кардам каломи рехта, То барам сӯяш паёми рехта. То ки он шоистаи номаш бувад, Чун қиёми бода дар ҷомаш бувад.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ОФАРИН, ДИЛ!

👁 13

Офарин, дил, занги аввалро надодастӣ ҳанӯз, Дар мақомат бе танаффус истодастӣ ҳанӯз, Мехурӣ ғамҳои оламрову шод астӣ ҳанӯз, Андаруни оташӣ, оҳанниҳодастӣ ҳанӯз.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БА РАСУЛ ҒАМЗАТОВ

👁 12

Ман ба Доғистони ту бе шишаю ҷом омадам, Гарчи аз Помир чун авлоди Хайём омадам. Аз сари кӯҳи баланди Тоҷикистон парзанон Бо тақозои дилу таҳрики айём омадам.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

РӮДИ МАН

👁 13

Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон, Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода
Саҳифаи 192 аз 999