Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри бардавом, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо. Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм, Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо. Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш, Кӯри модарзод дар айём мемондем мо. Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб, Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо. Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд, Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо. Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем, Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо. Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.