Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАР ЁДИ ҶАВОНӢ

Агар бинам туро, орам ба ёдам навҷавониро, Ба мисли чашмаҳо ҷӯшу хурӯши зиндагониро, Ҳама лутфу адоҳои ниҳониву аёниро. Ба ёд орам баҳореро, ки ҳарду лола мечидем, Ба ғайр аз рӯи ҳамдигар дигар чизе намедидем. Ту тозон сӯи дар меомадию боз дар мешуд, Дамиданҳои субҳ аз омаданҳои ту сар мешуд, Намедонистам он рӯзам чӣ сон рӯзи дигар мешуд. Рақиби айбҷӯ дигар ба ҳоли ман намехандид, Муҳаббат дар вафодорӣ маро дигар намесанҷид. Шукуфта, дилбари озод, чун гулдаста мегаштӣ, Ба ҳар як тори мӯят сад ҷавонро баста мегаштӣ, Дилеро ёфта, дигар диле бишкаста мегаштӣ. Намешуд ҳеҷ кас аз дидани ҳусну ҷамолат сер, Ҳаё гардида буд аммо ба пои ошиқон занҷир. Туро бо туҳфаҳои комсомол табрик мекардам, Таманно дар дил аз бахти зани тоҷик мекардам, Худамро бо висолат сӯхта наздик мекардам. Рухат медидаму мерафт аз ёдам ҳама дардам, Дигар ман ҳеҷ парво аз ғами дунё намекардам. Ба ёд орам замонеро, ки ту хомӯш ҳам будӣ, Парешон дар паси деворҳо рӯпӯш ҳам будӣ, Ғарибу бенавову кӯҳи ғам дар дӯш ҳам будӣ. Намуда даст оташкобу мӯ ҷорӯб дар хона, Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона. Даме ки аз миёни обу оташҳо гузар кардӣ, Ба сӯи зиндагии нав далерона сафар кардӣ, Ба ҳар як рӯшноӣ ту ҳарисона назар кардӣ. Зани зеботарину номдори Шарқ гардидӣ, Азизи Тоҷикистон, ифтихори Шарқ гардидӣ. Саломат бош, ҷоно, ки бақои умри ман ҳастӣ, Насими навбаҳори пурсафои умри ман ҳастӣ. Ту охир ибтидою интиҳои умри ман ҳастӣ, Маро аз ту тамоми умр ёрои ҷудоӣ нест, Ба ҷонат сад қасам, ки дар сириштам бевафоӣ нест.