ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ
Зан ҳамеша рафт аз ҳамсояҳо оташ гирифт,
Аз дигарҳо бо тавалло, илтиҷо оташ гирифт,
Бас, ки гӯгирд он замон чун гавҳари ноёб буд,
Аз гадои кӯчаю аз бенаво оташ гирифт.
Лахчаро мекард зан дар зери хокистар ниҳон,
То намонад бе алав дигар тунӯру ошдон.
Дар танӯр оташ агар гулхан шавад, рухсори зан
Сурх мегардад чу кулча, ё ба мисли гарм нон.
Баски аз рӯзи азал зан посбони оташ аст,
Посбони оташ асту хеш кони оташ аст.
З-ин сабаб бо зан агар гаштем ҳар вақте дучор,
Бингарӣ, сар то ба пои мо ҷаҳони оташ аст.