Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЧӮПОН

Чӯпон ба сари кӯҳу чаридан рама дорад, Аз санг ба харсанг ҷаҳидан рама дорад. Бӯи гули кӯҳию алафзори чарогоҳ Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад. Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро, Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад. Сарчашма занад ҷӯш, аз он барра кунад нӯш, Аз ҷӯи сафобахш паридан рама дорад. Дар дасти шубон чӯб – хитобест ба душман, Гургон ба ҳаросанду рамидан рама дорад. Чӯпон нигарад бо назари меҳр ба поён, Аз қуллаи куҳсор хамидан рама дорад. Ишқу ҳаваси дидани ин манзари зебо Ман дораму ту дориву дидан ҳама дорад.