Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

САДОИ ПОШНА

Дар хиёбон чун ба гӯш омад садои пошна, Дил ба рақсидан даромад дар ҳавои пошна, По ниҳодам беҳушона бо нидои пошна, Нақши поро дидаму тасдиқ кардам, ки туӣ. Аз қадамҳоят ҳаёти шаҳр гул-гул мешукуфт, Соҳили дарёву кӯлу наҳр гул-гул мешукуфт, Дар гумонам, ки тамоми даҳр гул-гул мешукуфт, Шодмон гардидаму тасдиқ кардам, ки туӣ. Ту чи сон зебо шудӣ, озод қад афрохтӣ, Чил кокул бофта бар тахтапушт андохтӣ, Куртаи атлас ба ранги рӯ мувофиқ сохтӣ, Хуб ман санҷидаму тасдиқ кардам, ки туӣ. Дар замоне, ки ба он имрӯз по бигзоштӣ, Аз равуоят ба ҳар ҷо зебу зинат коштӣ, Офарин бодо туро, ин қадр ҳиммат доштӣ, Гул зи боғат чидаму тасдиқ кардам, ки туӣ.