ТАРОНАИ ИШҚ
Шоири бе ишқ мурғи бе пар аст,
Беҳарорат моҳу беҷон пайкар аст.
Шоиронро ишқ Ҳотам мекунад,
Сарбаланди рӯи олам мекунад.
Ишқ шоирро ба ҷунбиш оварад,
Дар сари майдони санҷиш оварад.
Қатрае хоҳӣ агар, дарё диҳад,
Гӯшае хоҳӣ агар, дунё диҳад.
Гар намояд ёр як наззорае,
Шоир орад аз фалак сайёрае.
Ёр агар гӯяд: ба оташ зан, занад,
Чоҳ бо сар кан агар гӯяд, канад!
Гар навозад, ғунчаи хандон шавад,
Гар биҷангад, тифлаки гирён шавад.
Ғамзае, ки дилбари танноз кард,
Шоиронро банда дар Шероз кард.
Холи ҳинду мулки дилҳоро гирифт,
Ҳам Самарқанду Бухороро гирифт.
Мо, ки аз шерозиён кам нестем,
Дар саховат камбағал ҳам нестем.
Ҳар чӣ хоҳад ёр, инъомаш кунем,
Ҷону дилро садқаи номаш кунем.
Ёри мо арзандаи дунё шудаст,
Буд зебо, боз ҳам зебо шудаст.
Як назар кун, мӯй бину рӯй бин,
Гӯш кун, маънии гуфтугӯй бин.
Нозанин гӯӣ агар, гул мекунад,
Бӯса деҳ гӯӣ, таҳаммул мекунад.
Дар такаллум, дар табассум ёр ӯст,
Дар муҳаббат ҳокими мухтор ӯст.
На касе ӯро фурӯшад, на харад,
На ба зӯрӣ, на ба зар ӯро барад.
Чун фарояд аз сари кӯҳи баланд,
Шодии водинишин гардад дучанд.
Чун фарояд, ояд овоз аз дара:
«Акси худро бин дар оби шаршара.
Қоматат гӯяд, ки зебоӣ манам,
Чашми ту гӯяд, ки доноӣ манам.