ДАРАХТИ БУЛУТ
Ҳафтсадсола як дарахти булут
Асрҳо боз кардааст сукут.
Шоху баргаш ҳанӯз ҳам сабз аст,
Шира дар тан, ҳаёт дар қабз аст.
Чун дарахти ҷавон нафас гирад,
Домани умри пурҳавас гирад.
Ба замин ғафс сояҳо дорад,
Сояи он ҳикояҳо дорад.
Аз гузашта ҳамеша ёд кунад,
Хоки дунёи кӯҳна бод кунад.
Ёд орад футӯҳу мағлубӣ
Аз бадии замона, аз хубӣ.
Гӯяд ин, ки дарахти тоқ будам,
Хаймаи лашкари қазоқ будам.
Мешудам халқро балогардон,
Мисли пушту паноҳи сулҳу амон.
Пеш аз ҷанг дар ҳузури ман
Истироҳат намуда буд Богдан!
Аз сари ман чиҳо, ки нагзаштаст,
Саргузаштам фасонае гаштаст.
Рафъ кардам ҳуҷуми тӯфонро,
Сардии мавсими зимистонро.
Ман, ки ҳамсол бо «Гулистон»-ам,
Ошиқи рӯи навбаҳоронам.
Ҳафтсад бор навбаҳор омад,
Ҳафтсад соли бошумор омад.
Бо вуҷуди ҳамин нагаштам пир,
Наям аз умри рафта домангир.
Решаам дар замин амиқ бувад,
Сахт бо зиндагӣ рафиқ бувад.
Халқро боз ҳам ба кор оям,
Аз вуҷудам замин биёроям!