ТАРОНАИ РӮД
Рӯди кӯҳӣ, ту сароӣ ба ҳавои дили ман,
Ҷӯр созӣ нафасатро ба садои дили ман.
Шӯр дар сина ниҳон, рақскунон мегузарӣ,
Огаҳ астӣ магар аз дарду давои дили ман?
Ту ҳамон чашма, ки ҷӯшидаву фаввора шудӣ,
Ашки шаффофтарини ҷигари хора шудӣ.
Чашма дар кӯҳ будӣ, ҷӯй шудӣ, рӯд шудӣ,
Нури чашмони ману дидаи наззора шудӣ.