Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
361. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ДАРГОҲИ ШОҲ
Зи Туронзамин барниҳоданд рахт, Силеҳи гаронмояву тоҷу тахт Басе ганҷҳоро биҷусту биёфт, Худу лашкараш сӯи Эрон шитофт
360. ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ РУСТАМ
Чунин гуфт Пирон ба Афросиёб, Ки «Шуд рӯи гетӣ чу дарёи Об. Нагуфтам, ки бо Рустами шумдаст Нашояд бар ин бум эмин нишаст.
359. ГУШТӢ ГИРИФТАНИ РУСТАМ ВА ПӮЛОДВАНД
Ба куштӣ гирифтан ниҳоданд рӯй, Ду гурди сарафрозу ду кинаҷӯй. Ба паймон, ки аз ҳар ду рӯя сипоҳ Ба ёрӣ наёяд касе кинахоҳ.
358. РАЗМИ РУСТАМ БО ПӮЛОДВАНД
Чу бишнид Рустам, дижам гашт сахт, Биларзид бар сони шохи дарахт. Биёмад ба наздики Пӯлодванд, Варо дид бар сони кӯҳи баланд.
357. РАЗМИ ПӮЛОДВАНД БО ГЕВ ВА ТУС
Чу хуршед бинмуд тобон дурафш, Муасфар шуд он парниёни бунафш. Табира баромад зи даргоҳи шоҳ, Ба абр андаромад хурӯши сипоҳ.
356. НОМАИ АФРОСИЁБ БА ПӮЛОДВАНД
Аз айвон ба дашт омад Афросиёб, Ҳаме кард бар кина ҷустан шитоб. Ба Пирон бигуфт, он чӣ боист гуфт, Зи дашт андаромад ба сӯи нуҳуфт.
355. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ
Чу огоҳӣ омад ба Афросиёб, Ки Рустам сӯи ҷанг дорад шитоб, Дилаш з-ин сухан пур зи тимор шуд, Ҳама парниён бар танаш хор шуд.
354. ҶАНГИ РУСТАМ БО КОФУРИ МАРДУМХОР
Чу ин банди бадро сар омад падид, Фарибурз наздики Рустам расид. Ба дил шод бо хилъати шаҳрёр Бад-ӯ - андарун тоҷ бо гӯшвор.
353. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ КОРИ ЛАШКАР
Пас огоҳӣ омад ба Афросиёб, Ки оташ баромад зи дарёи Об. Зи Комусу Маншуру хоқони Чин, Шикаст андаромад ба Туронзамин.
352. ПОСУХИ НОМАИ РУСТАМ АЗ КАЙХУСРАВ
Чу бугзашт аз он достон рӯз чанд, Зи гардиш наёсуд чархи баланд. Кас омад бари шоҳи эронсипоҳ, Ки омад Фарибурзи Ковусшоҳ.
351. НОМА НАВИШТАНИ РУСТАМ БА КАЙХУСРАВ
Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд, Сухан ҳар чӣ боист, бо ӯ биронд. Ба фармон-ш бар номаи хусравон Зи анбар навиштанд бар парниён.
350. ХОСТА БАХШ КАРДАНИ РУСТАМ
Чунин гуфт Рустам ба эрониён, Ки «Акнун бибояд кушудан миён. Ба пеши худованди пирӯзгар На кӯпол бояд, на ганҷу камар.
349. ШИКАСТА ШУДАНИ СИПОҲИ ТУРОНИЁН
Таҳамтан ба гурзи гарон даст бурд, Бузургаш ҳамоно ҳамон буд хурд. Чунон шуд дару дашти овардгоҳ, Ки шуд танг бар мӯру бар пашша роҳ.
348. ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН
Ба дашном букшод хоқон забон, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадтану бадравон! Ба Эрону он шоҳу он анҷуман Ҳаме зинҳорет бояд чу ман.
347. КУШТАНИ РУСТАМ ГАҲОРИ ГАҲОНИРО
В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи майсара, Ғамӣ гашт лашкар ҳама яксара. Гаҳори Гаҳонӣ бар он ҷойгоҳ, Гави шерфаш бо дурафши сиёҳ,
346. РАЗМИ РУСТАМ БО СОВА
Чунин гуфт Рустам ба эрониён, К-«Аз ин ҷанг моро наёмад зиён. Ҳам акнун ман ин пилу ин хоста, Ҳамон тахти бо тоҷ ороста
345. РАЗМИ ШАНГУЛ БО РУСТАМ ВА ГУРЕХТАНИ ШАНГУЛ
Биғуррид Шангул ба пеши сипоҳ, «Манам, - гуфт, - гурдафкани размхоҳ. Бубинам, ки он марди сагзӣ ба чанг Чӣ дорад зи мардонагӣ сози ҷанг».
344. ОҒОЗИ РАЗМ
Чу баргашт Пирон, зи ҳар ду гурӯҳ Замин шуд ба кирдори рахшанда кӯҳ. Чунин гуфт Рустам ба эрониён, Ки «Ман ҷангро баста дорам миён.
343. САРЗАНИШ КАРДАНИ РУСТАМ БО ПИРОН
Ҳаме рафт Шангул миёни ду саф, Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба каф. Яке чатри ҳиндӣ зи сар то ба пой Гирифта ҳама чатр парри ҳумой.
342. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ЭРОНИЁН ВА ТУРОНИЁН
Чу бинмуд хуршеди рахшон кулоҳ, Чу симинсипар гашт рухсори моҳ. Битарсид моҳ аз паи гуфтугӯй, Ба хамм андаромад, бипӯшид рӯй.
341. СУХАН ГУФТАНИ РУСТАМ БО ЛАШКАРИ ХЕШ
В-аз ин рӯй Рустам ялонро бихонд, Суханҳои боиста чанде биронд Чу Тусу чу Гударзу Руҳҳому Гев, Фарибурзу Густаҳму Харроди нев.
340. РОЙ ЗАДАНИ ТУРОНИЁН АЗ ҶАНГИ ЭРОНИЁН
В-аз он ҷо биёмад ба лашкар чу бод, Касеро ки буданд висанажод, Яке анҷуман карду букшод роз, Чунин гуфт к-«Омад нишебу фароз.
339. ОМАДАНИ ПИРОН НАЗДИ РУСТАМ
Ҳаме рафт Пирон пур аз дарду бим, Дил аз кори Рустам шуда бар ду ним. Биёмад ба наздики Эронсипоҳ, Хурӯшид, к-«Эй меҳтари размгоҳ!
338. РОЙ ЗАДАНИ ПИРОН БА ҲУМОН ВА ХОҚОН
Бишуд тез Ҳумон ҳам андар замон, Шуда гуна аз рӯю ранг аз рухон. Ба Пирон чунин гуфт, к-«Эй некбахт, Бад афтод моро аз ин кор сахт.
337. ФИРИСТОДАНИ ХОҚОН ҲУМОНРО НАЗДИ РУСТАМ
В-аз он рӯй хоқон ғамӣ гашт сахт, Барошуфт бо гардиши шӯрбахт. Ба Ҳумон чунин гуфт хоқони Чин, Ки «Танг аст бар мо замону замин.