Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
986. ШЕВАНИ БОРБАД БАР ХУСРАВ
Кунун шевани Борбад гӯш дор, Сари меҳри меҳтар ба оғӯш дор. Чу огоҳ шуд Борбад з-он ки шоҳ Бипардохт нокому берой гоҳ,
985. АФСӮС ХӮРДАНИ ШИРӮЯ БАР ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА НОХУШ ШУДАНИ САРДОРОН АЗ ОН
Чу бишнид Ширӯй, бигрист сахт, Дилаш гашт тарсон аз он тоҷу тахт. Чу аз пеш бархостанд он гурӯҳ, Ки ӯро ҳаме доштандӣ сутӯҳ.
984. ПОСУХ ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ҚУБОДРО
Биёрам кунун посухи ин ҳама, Бад-он то бигӯед пеши рама. Пас аз марги ман ёдгорӣ бувад, Сухан гуфтани рост ёрӣ бувад.
983. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ШИРӮЯ ВА АНДАРЗ КАРДАН ВА ФИРИСТОДАНИ САРОН НАЗДИ ПАДАР БА ПАНД ВА ПӮЗИШ
Чу Ширӯй биншаст бар тахт шод, Ба сар барниҳод он кайӣ тоҷи дод. Бирафтанд гурдони эрониён, Бар ӯ хонданд офарини каён.
982. ПОДШОҲИИ ҚУБОДИ ПАРВИЗ
Ҳафт моҳ буд Оғози достон
981. ГИРИФТОР ШУДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БА ДАСТИ ПИСАРАШ ШИРӮЯ
Ҳаме буд Хусрав бар он марғзор, Дарахти баландаш бар ӯ соядор. Чу бугзашт ниме зи рӯзи дароз, Ба нон омад он подшоро ниёз.
980. ОГАҲ ШУДАНИ ХУСРАВ АЗ КОРИ СИПОҲ
Ҳамон Зодфаррух ба даргоҳ-бар Ҳаме буду касро надодӣ гузар, Ки огаҳ шудӣ з-он сухан шаҳрёр, Ба даргоҳ- бар буд як пардадор.
979. РАҲО КАРДАНИ САРОН ШИРӮЯРО ЗИ БАНД
Бидонист ҳам Зодфаррух, ки шоҳ Зи лашкар ҳама з-ӯ шиносад гуноҳ. Чу омад бурун ин бадандеши шоҳ, Наёраст шуд низ дар пешгоҳ.
978. БАРГАШТАНИ ЛАШКАРИ ЭРОН АЗ ХУСРАВ ВА РАҲО КАРДАНИ ШИРӮЯ АЗ БАНД
Чу огоҳ шуд з-он сухан шаҳрёр, Ҳаме дошт ин кори душвор хор. Бидонист, к-он ҳаст кори Гуроз, Ки гуфтаст бо қайсари размсоз.
977. ДАР БЕДОДӢ КАРДАНИ ХУСРАВ ВА НОСИПОСИИ СИПОҲИ Ӯ
Бад-он номвар тахту ҷои меҳӣ, Бузургиву дайҳими шоҳаншаҳӣ Ҷаҳондор ҳамдостонӣ накард, Зи Эрону Тӯрон баровард гард.
976. ГУФТОР АНДАР БУЗУРГИИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Ҳар он кас, ки ӯ дафтари шоҳ хонд, Зи гетиш доман бибояд фишонд. Сазад, гар бигӯям яке достон, Ки бошад хирадманд ҳамдостон.
975. СОХТАНИ ХУСРАВ АЙВОНИ МАДОИНРО
Чунин гуфт равшандиле порсӣ, Ки бугзошт бо коми дил чор сӣ, Ки Хусрав фиристод касҳо ба Рум, Ба Ҳинду ба Чину ба обод бум.
974. ДОСТОНИ БОРБАДИ РОМИШГАР
Ҳаме ҳар замон шоҳ бартар гузашт, Чу шуд соли шоҳиш бар бисту ҳашт. Касеро набуд бар дараш кори бад, Зи даргоҳаш огоҳ шуд Борбад.
973. ДОСТОНИ СОХТАНИ ХУСРАВ ТОҚИ ВИСРО
Кунун достонгӯй дар достон Аз он якдилу якзабон ростон Зи тахте, ки хонӣ варо тоқи Вис, Ки бинҳод Парвиз дар Испарис,
972. КУШТАНИ ШИРИН МАРЯМРО ВА БАНД КАРДАНИ ХУСРАВ ШИРӮЙРО
Аз ин пас фузун шуд бузургии шоҳ, Чу хуршед гашт он, куҷо буд моҳ. Ҳама рӯз бо духти Қайсар будӣ, Ҳамон дар шабистон-ш меҳтар будӣ.
971. ПАНД ДОДАНИ БУЗУРГОН ХУСРАВРО
Чу огоҳӣ омад зи Хусрав ба роҳ Ба назди бузургону назди сипоҳ, Ки Ширин ба мушкуи Хусрав шудаст, Куҳанбуда коре чунин нав шудаст!
970. РАФТАНИ ХУСРАВ БА ШИКОР ВА ДИДАНИ ШИРИН ВА ФИРИСТОДАНАШ БА МУШКӮИ ХУД
Чунон шуд, ки як рӯз Парвизшоҳ Ҳаме орзу кард нахчиргоҳ. Биёрост бар сони шоҳаншаҳон, Ки буданд аз ӯ пештар дар ҷаҳон.
969. ДОСТОНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ШИРИН
Оғози достон Куҳан гашта ин номаи бостон Зи гуфтору кирдори он ростон. Ҳаме номаи нав кунам з-ин нишон,
968. ПОСУХИ НОМАИ ҚАЙСАР АЗ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Чу як моҳ шуд, нома посух навишт, Суханҳои бомағзу фаррух навишт. Сари нома гуфт офарини меҳон, Бар он бод, к-ӯ пок дорад ниҳон.
967. НОМА НАБИШТАНИ ХУСРАВ БА ҚАЙСАР ВА ПОСУХИ ҚАЙСАР ВА ХОСТАНИ Ӯ ДОРИ МАСЕҲ
Ба қайсар яке нома фармуд шоҳ, Ки барнеҳ сазовори шоҳӣ кулоҳ, Ки Марям писар зод маҳваш яке, Ки ҳар кас надидӣ чун ӯ кӯдаке.
966. ЗОДАНИ ШИРӮЯ - ПИСАРИ ХУСРАВ БА ФОЛИ БАД
Чу бар подшоҳиш шуд панҷ сол, Ба гетӣ саросар набудаш ҳамол. Шашум сол аз ин духти қайсар чу моҳ Яке кӯдак омад ҳамонанди шоҳ.
965. БАХШ КАРДАНИ ХУСРАВ ПОДШОҲИИ ХУД ВА ЛАШКАР ФИРИСТОДАН БА МАРЗҲОИ ЭРОН
В-аз он пас чу густурда шуд дасти шоҳ, Саросар ҷаҳон шуд варо некхоҳ. Ҳама тоҷдорон-ш кеҳтар шуданд, Ҳама кеҳтарон з-ӯ тавонгар шуданд.
964. БОЗӢ СОХТАНИ ГУРДИЯ ПЕШИ ХУСРАВ ВА БАХШИДАНИ ХУСРАВ РАЙРО БА Ӯ
Чунин, то биёмад маҳи Фарвадин, Биёрост гулбарг рӯи замин. Сиришки сари абр чун жола гашт, Ҳама кӯҳу ҳомун пур аз лола гашт.
963. ДАР САБАБИ ХАРОБ ШУДАНИ ШАҲРИ РАЙ
Баромад бар ин низ рӯзе дароз, Нагашт ахтари номвар ҷуз ба ноз. Шабе май ҳаме хӯрд бо мӯбадон, Бузургони корозмуда радон
962. ҲУНАР НАМУДАНИ ГУРДИЯ НАЗДИ ХУСРАВ
Ду ҳафта баромад, бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ба хуршеду моҳу ба тахту кулоҳ, Ки баргӯй аз он ҷанги хоқониён Бубандӣ чунон ҳам камар бар миён».