Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
636. РАФТАНИ ИСКАНДАР БА РУСУЛ СӮИ ҚАЙДОФА
Ҷаҳонҷӯй даҳ номвар баргузид Зи мардони румӣ, чунон чун сазид, Ки буданд ҳар даҳ ҳамовози ӯй, Нигаҳ доштандӣ ба дил рози ӯй».
635. ГИРИФТОР ШУДАНИ ПИСАРИ ҚАЙДОФА БА ДАСТИ РУМИЁН
Чу Искандар он номаи ӯ бихонд, Бизад нойи рӯину лашкар биронд. Ҳаме рафт як моҳ пӯён ба роҳ, Чу омад сӯи марзи ӯ бо сипоҳ.
634. НОМАИ ИСКАНДАР НАЗДИ ҚАЙДОФА
Сикандар чу бишнид аз ин ёдгир, Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир. Набиштанд пас номае бар ҳарир Зи шоҳаншаҳ Искандари шаҳргир.
633. ЛАШКАР КАШИДАНИ ИСКАНДАР СӮИ МИСР
В-аз он ҷойгаҳ шоҳ лашкар биронд, Ба Ҷидда баромад, фаровон бимонд. Сипаҳро бифармуд, то ҳар касе Бисозанд киштиву заврақ басе.
632. РАФТАНИ ИСКАНДАР БА ЗИЁРАТИ ХОНАИ КАЪБА
Чу лашкар шуд аз хоста бениёз, Бар ӯ ногузашта замони дароз, Ба шабгир бархост овои кӯс, Ҳаво шуд ба кирдори чашми арӯс.
631. ҶАНГИ ИСКАНДАР БО ҲИНДУВОН ВА КУШТА ШУДАНИ ФУР БАР ДАСТИ Ӯ
Чу Искандар омад ба наздики Фур, Бидид он савору сипаҳро зи дур. Хурӯш омаду гарди разм аз ду рӯй, Бирафтанд гурдони пархошҷӯй.
630. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ИСКАНДАР БА РАЗМИ ФУР
Чу посух ба назди Сикандар расид, Ҳамон гаҳ зи лашкар ялон баргузид, Ки бошанд шоиставу пешрав, Ба дониш куҳан гашта в-аз сол нав.
629. ПОСУХИ НОМАИ ИСКАНДАР АЗ ФУР
Чу он нома бархонд Фури сутург, Барошуфт аз он номдори бузург. Ҳамон гаҳ яке тунд посух навишт, Ба полези кина дарахте бикишт.
628. НОМАИ ИСКАНДАР БА ФУРИ ҲИНДӢ
Зи милод чун бод лашкар биронд, Ба Қаннуч шуд, ганҷаш он ҷо бимонд. Чу овард лашкар ба наздики Фур, Яке нома фармуд пурҷангу шӯр.
627. ОЗМУДАНИ ИСКАНДАР ҶОМИ КАЙДРО
В-аз он пас бифармуд, к-он ҷоми зард Биёранд, пур карда аз оби сард. Ҳаме хӯрд ҳар кас аз он ҷом об, Зи шабгир то буд ҳангоми хоб.
626. ОЗМУДАНИ ИСКАНДАР ПИЗИШКИ ҲИНДУСТОНРО
Бифармуд, то рафт пешаш пизишк, Ки иллат бигуфтӣ, чу дидӣ сиришк. Сари дардмандӣ бад-ӯ гуфт: «чист, Ки бар дарди он кас бибояд гирист?»
625. ОЗМУДАНИ ИСКАНДАР ФАЙЛАСУФУ ПИЗИШКУ ҶОМИ КАЙД
Чу шуд кори он сарвбун сохта, Ба оини ӯ ҷой пардохта, Бипардахт аз он пас ба донандамард, Ки чун хезад аз дониш андар набард.
624. Чу он мӯбадон посухи шаҳрёр
Бидиданд бо ранҷдида савор, Аз айвон ба наздики шоҳ омаданд, Бад-он номвар боргоҳ омаданд. Бар ӯ хонданд посухи номаро,
623. ОВАРДАНИ НӮҲ МАРДИ ДОНО ЧАҲОР ЧИЗ АЗ КАЙДИ ҲИНД БА НАЗДИ ИСКАНДАР
Фиристода баргашт аз он тоза бум, Биёмад ба наздики пирони Рум.
622. ФИРИСТОДАНИ ИСКАНДАР НӮҲ МАРДИ ДОНО БАРОИ ДИДАНИ ЧАҲОР ЧИЗИ ШИГИФТ
Гузин кард аз румиён мард чанд, Хирадманд бодонишу бегазанд. Яке нома бинвишт пас шаҳрёр, Пур аз пӯзишу рангу бӯю нигор,
621. БОЗ ФИРИСТОДАНИ СИКАНДАР ФИРИСТОДАРО БАРОИ ДАРЁФТАНИ ЧАҲОР ЧИЗИ ШИГИФТ
Фиристода омад ба кирдори бод, Бигуфт, он чи бишниду нома бидод. Сикандар фиристодаро гуфт: «Рав, Ба наздики он номвар бозшав.
620. ПОСУХИ НОМАИ СИКАНДАР АЗ КАЙДИ ҲИНДӢ ВА МУЖДА ФИРИСТОДАНИ ЧАҲОР ЧИЗИ ШИГИФТ
Чу нома бари Кайди ҳиндӣ расид, Фиристодаи подшоро бидид. Фаровон-ш бистуду бинвохташ, Ба некӣ бари хеш биншохташ.
619. ЛАШКАР КАШИДАНИ СИКАНДАР СӮИ КАЙД
Сикандар чу кард андар Эрон нигоҳ, Бидонист, к-ӯро шуд ин боргоҳ. Сӯи кайди ҳиндӣ сипаҳ баркашид, Ҳама роҳу бероҳ лашкар кашид.
618. ПОСУХ ДОДАНИ МЕҲРОН КАЙДРО
Чу бишнид Меҳрон зи Кайд ин сухун, Бад-ӯ гуфт: «Аз ин хоб дил бад макун. На камтар шавад бар ту номи баланд, На ояд бар ин подшоҳӣ газанд.
617. ХОБ ДИДАНИ КАЙД ПОДШОҲИ ҚАННУҶ
Чунин гуфт гӯяндаи паҳлавӣ, Шигифт оядат, к-ин сухан бишнавӣ. Яке шоҳ буд Ҳиндро, Кайд ном, Хирадманду бинодилу шодком.
616. БА ЗАНӢ ГИРИФТАНИ СиКАНДАР РАВШАНАКРО
Зи Аммурия модарашро бихонд, Чу омад, суханҳои Доро биронд. Бад-ӯ гуфт: «Назди Дилорой шав, Ба хубӣ бипайванд гуфтори нав.
615. ПОСУХИ НОМАИ СИКАНДАР АЗ ДИЛОРОЙ
Дилорой чун ин суханҳо шунид, Яке боди сард аз ҷигар баркашид. Ба Доро зи дида биборид хун, Ки буд рехта зери хок- андарун.
614. НОМАИ ИСКАНДАР НАЗДИ ДИЛОРОЙ МОДАРИ РАВШАНАК
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, Қалам хост румиву чинӣ ҳарир. Нависанда аз килк чун хома кард, Сӯи модари Равшанак нома кард,
613. ОҒОЗИ ДОСТОН НИШАСТАНИ СИКАНДАР БАР ТАХТИ ЭРОН
Бар он офарин, к-ӯ ҷаҳон офарид, Замину замону макон офарид, Ки ором аз ӯй асту ҳам кор аз ӯ, Ҳам оғоз аз ӯй асту анҷом аз ӯ.
612. НОМА НАВИШТАНИ ИСКАНДАР НАЗДИ БУЗУРГОНи ЭРОН
Зи Кирмон кас омад сӯи Исфаҳон, Ба ҷое, ки буданд аз Эрон меҳон. Ба наздики пӯшидарӯёни шоҳ, Биёмад яке марди бодастгоҳ.