Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
786. ХОНДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ЛӮРИЁНРО АЗ ҲИНДУСТОН
В-аз он пас ба ҳар мӯбаде нома кард, Касеро, ки дарвеш буд, ҷома кард. Бипурсидашон, гуфт: «Беранҷ кист, Ба ҳар ҷой дарвешу беганҷ кист?
785. БАХШИДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ХИРОҶ БА ДЕҲҚОНОН
Чу бозомад аз роҳ Баҳромшоҳ, Ба ором биншаст бар пешгоҳ. Зи маргу зи рӯзи бад андеша кард, Дилаш гашт пурдарду рухсора зард.
784. БОЗГАШТАНИ ШАНГУЛ АЗ ЭРОН БА ҲИНДУСТОН
Бар ин рӯзгоре баромад дароз, Шаҳи ҳиндувон роҳро кард соз. Биёмад зи майдони тиру камон, Бари духтари хеш рафт он замон,
783. ОМАДАНИ ШАНГУЛ БО ҲАФТ ПОДШОҲ НАЗДИ БАҲРОМИ ГӮР
Пас огоҳ шуд Шангул аз кори шоҳ, Зи духтар, ки буд шоҳро пешгоҳ. Ба дидори Эрон будаш орзу Бари духтару шоҳи озодахӯ.
782. ПАЗИРА ШУДАНИ ЭРОНИЁН ШОҲ БАҲРОМИ ГӮРРО
Чу огоҳӣ омад ба Эрон, ки шоҳ Биёмад зи Қаннуҷ худ бо сипоҳ, Бубастанд озин ба роҳу ба шаҳр, Ҳаме ҳар кас аз ком бардошт баҳр.
781. БОЗГАШТАНИ ШАНГУЛ БА ҲИНД ВА БАҲРОМ БА ЭРОН
Ду шоҳи буторову яздонпараст Вафоро бисуданд бо даст даст, К-«Аз ин пас дили ростӣ нашканем, Ҳаме бехи кажжӣ зи бун барканем.
780. ТОХТАНИ ШАНГУЛ ПАСИ БАҲРОМИ ГӮР ВА ШИНОХТАНИ Ӯ
Саворе зи Қаннуҷ тозон бирафт Ба огоҳ кардан бари шоҳ тафт. Шунид ин сухан Шангул аз некхоҳ, Чу оташ биёмад аз он ҷашнгоҳ.
779. ГУРЕХТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЗ ҲИНДУСТОН БО ДУХТАРИ ШАНГУЛ
Чу Баҳром бо духти Шангул бисохт, Зан ӯро ҳаме шоҳи гетӣ шинохт. Шабу рӯз гирён шуд аз меҳри ӯй, Ниҳода ду чашм андар он чеҳри ӯй.
778. НОМАИ ФАҒФУРИ ЧИН БА БАҲРОМИ ГӮР ВА ПОСУХИ ОН
Чу з-ин огаҳӣ шуд ба Фағфури Чин, Ки бо фарр(у) марде зи Эронзамин Ба наздики Шангул фиристода буд, Ҳамоно, ки шоҳи таҳамзода буд.
777. БА ЗАНӢ КАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ДУХТАРИ ШОҲИ ҲИНДУСТОНРО
Ҳама шоду Шангул диле пур зи дард, Ҳаме дошт аз кори ӯ рӯй зард. Шаб омад, биёвард фарзонаро, Ҳамон мардуми хешу бегонаро.
776. КУШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЖДАҲОРО
Яке аждаҳо буд бар хушку об, Ба дарё гаҳе гоҳ дар офтоб. Ҳаме даркашидӣ ба дам жандапил, В-аз ӯ хостӣ мавҷи дарёи Нил.
775. ҶАНГИ БАҲРОМ БО КАРГ ВА КУШТАНИ Ӯ КАРГРО
Яке карг буд андар он марзи шоҳ, Зи болои ӯ баста бар бод роҳ. Аз он беша бугрехтӣ шери нар, Ҳам аз осмон каргаси тезпар.
774. Зи посух пурожанг шуд рӯи шоҳ
Чунин гуфт, к-«Ӯ дур монад зи роҳ Яке чора созам кунун ман, ки рӯз Сар орам бар ин гурди гетифурӯз.»
773. ГУМОН БУРДАНИ ШАНГУЛ БАР БАҲРОМ ВА БОЗДОШТАН ӮРО АЗ ЭРОН
Зи Баҳром Шангул шуд андар гумон, Ки ин фарру ин зӯру тиру камон Намонад ҳаме ин фиристодаро, На ҳиндӣ, на турку на озодаро.
772. КУШТӢ ГИРИФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР ДАР БОРГОҲИ ШАНГУЛ ВА ҲУНАР НАМУДАН
Чу бишнид Шангул, ба Баҳром гуфт, Ки «Ройи ту бо мардумӣ нест ҷуфт. Замоне фуруд ою букшой банд, Чӣ гӯӣ суханҳои носудманд?
771. ПОСУХ ДОДАНИ ШАНГУЛ БА НОМАИ БАҲРОМ
Чу бишнид, шуд номаро хостор, Шигифтӣ бимонд-андарун номдор. Чу он нома бархонд фаррухдабир, Рухи тоҷвар гашт ҳамчун зарир.
770. РАФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА ҲИНДУСТОН БО НОМАИ ХУД
Чу бинҳод бар нома - бар-мӯҳр шоҳ, Баророст бар сози нахчиргоҳ. Зи лашкар ба розаш кас огоҳ не, Ҷуз аз номдорон-ш ҳамроҳ не.
769. НАВИШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР НОМА БА НАЗДИКИ ШАНГУЛ ШОҲИ ҲИНД
Вазири хирадманд бар пой хост, Чунин гуфт, к-«Эй довари додрост, Ҷаҳон аз бадандеш бебим гашт, В-аз ин марзи мо ранҷу сахтӣ гузашт.
768. СУХАН ГУФТАНИ БАҲРОМ ВА САРДОРОН АЗ ДОД
Чу аз кори румӣ бипардохт шоҳ, Дилаш гашт печон зи кори сипоҳ. Бифармуд, то мӯбади ройзан, Бишуд бо яке номдор анҷуман.
767. ПАДРУД КАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ФИРИСТОДАИ ҚАЙСАРРО
Чу хуршед бар чарх бинмуд даст, Шаҳаншоҳ бар тахти заррин нишаст. Фиристодаи Қайсар омад ба дар, Хирадёфта мӯбади пурҳунар.
766. САВОЛУ ҶАВОБИ ФИРИСТОДАИ РУМӢ БО МӮБАДОНИ ЭРОН
Дигар рӯз чун тоҷ бинмуд меҳр, Забона баромад зи хамми сипеҳр, Сипаҳбад фиристодаро пеш хонд, Бари номвар тахти оҷаш нишонд.
765. ФИРИСТОДАНИ БАҲРОМИ ГӮР БАРОДАРИ ХУД НАРСИРО БА ХУРОСОН ВА ХОНДАН ПЕШИ ТАХТИ ХЕШ ФИРИСТОДАИ ҚАЙСАРРО
Ба Нарсӣ чунин гуфт як рӯз шоҳ, К-«Аз эдар бирав бо нигину кулоҳ. Хуросон туро додам, обод кун, Дили зердастони мо шод кун.
764. АНДАРЗНОМА НАВИШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА КОРДОРОНИ ХУД
Севум рӯз базми радон сохтанд, Нависандаро пеш биншохтанд. Ба май хӯрдан-андар чу букшод чеҳр, Яке нома бинвишт шодон ба меҳр.
763. БОЗГАШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА ЭРОНЗАМИН
Чу шуд сохта кори оташкада, Ҳамон ҷойи Наврӯзу ҷашни Сада, Биёмад сӯи Озарободагон Худу номдорону озодагон,
762. НОМАИ БАҲРОМИ ГӮР НАЗДИ БАРОДАРАШ НАРСӢ ВА ЭРОНИЁН
Чу шуд кори Тӯронзамин сохта, Дили шоҳ аз андеша пардохта, Ба Нарсӣ яке нома бинвишт шоҳ Зи пайкори туркону кори сипоҳ.