Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Нафси худро куш, ҷаҳонро зинда кун
Нафси худро куш, ҷаҳонро зинда кун, Хоҷаро куштаст, ӯро банда кун Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл, Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл.
Ситораи ман
Шаб надидам туро, Ситораи ман. Шӯълавар дар ҳаво, Ситораи ман! Дар ҳисоби ситораҳои фазо Бе ту кардам хато, Ситораи ман.
Алминнату лиллаҳ, ки дари майкада боз аст
Алминнату лиллаҳ, ки дари майкада боз аст, З-он рӯ, ки маро бар дари ӯ рӯйи ниёз аст. Хумҳо ҳама дар ҷӯшу хурӯшанд зи мастӣ В-он май, ки дар он ҷост, ҳақиқат, н
Бе меҳри рухат рӯзи маро нур намондаст
Бе меҳри рухат рӯзи маро нур намондаст В-аз умр маро ҷуз шаби дайҷур намондаст. Ҳангоми видои ту зи бас гиря, ки кардам, Дур аз рухи ту чашми маро нур намондаст
Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст
Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст, Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст. Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо В-аз қадди баланди ӯ болои сана
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост, Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато ин ҷост! Сарам ба дунйию уқбӣ фурӯ намеояд, Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост, Май зи хумхона ба ҷӯш омаду мебояд хост. Тавбаи зуҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт, Вақти риндию тараб кардани риндон пайдос
Соқиё, омадани ид муборак бодат
Соқиё, омадани ид муборак бодат В-он мавоид, ки кардӣ, маравод аз ёдат! Дар шигифтам, ки дар ин муддати айёми фироқ Баргирифтӣ зи ҳарифон дилу дил медодат.
Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт
Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт, Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт. Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт, Ҷонам аз оташи меҳри рухи ҷонона бисӯ
Эй шоҳиди кудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат?
Эй шоҳиди кудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат? В-эй мурғи биҳиштӣ, ки диҳад донаву обат? Хобам бишуд аз дида дар ин фикри ҷигарсӯз, К-оғӯши кӣ шуд манзили осоишу хоба
Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст
Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст, Ҳар кӣ моро ин насиҳат мекунад, беҳосил аст. Ёри зебо гар ҳазорат ваҳшат аз вай дар дил аст, Бомдодон рӯи ӯ дидан с
Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст
Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст, Дил ба рӯи ту зи рӯи ту тарабноктар аст. Дигар аз ҳарбаи ҳунхори аҷал нандешам, Ки на аз ғамзаи хунрези ту нобоктар
Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст
Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст, Май бар самоъи булбули хушгӯй хуштар аст. Айш аст бар канори суманзор хоби субҳ, Не, дар канор ёри суманбӯй хуштар аст
Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст
Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст, Таъми даҳонат аз шакари ноб хуштар аст. Зинҳор аз он табассуми ширин, ки мекунӣ, К-аз хандаи шукуфаи сероб хуштар аст.
Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст
Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст, Ё дидаву баъд аз ту ба рӯе нигаридаст. Гар муддаъиён нақш бибинанд париро, Донанд, ки девона чаро ҷома даридаст.
Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст
Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст, Ки дар он кӯй чу ман кушта басе афтодаст. Хабари мо бирасонед ба мурғони чаман, Ки ҳамовози шумо дар қафасе афтодаст.
Бӯи гулу бонги мурғ бархост
Бӯи гулу бонги мурғ бархост, Ҳангоми нишоту рӯзи саҳрост. Фарроши хазон варақ бияфшонд, Наққоши сабо чаман биёрост.
Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст
Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст, Ки надҳад бар чунин сурат дил аз даст. На манзуре, ки бо ӯ метавон гуфт, На хасме, к-аз камандаш метавон ҷаст.
Дер омадӣ, эй нигори сармаст
Дер омадӣ, эй нигори сармаст, Зудат надиҳем доман аз даст. Бар оташи ишқат оби тадбир Чандон ки задем, боз наншаст.
Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст
Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст, Ки нестам хабар, аз ҳар чӣ дар ду олам ҳаст. Дигар ба рӯи касам дида бар намебошад, Халили ман ҳама бутҳои озарӣ бишик
Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат
Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат, Дареғо бӯса чанде бар занахдони диловезат. Хаданги ғамза аз ҳар сӯ ниҳон андохтан то кай? Сипар андохт ақл аз дас
Мапиндор аз лаби шириниборат
Мапиндор аз лаби шириниборат, Ки коме ҳосил ояд бе марорат. Фироқ афтад миёни дӯстдорон, Зиёну суд бошад дар тиҷорат.
Бандавор омадам ба зинҳорат
Бандавор омадам ба зинҳорат, Ки надорам силоҳи пайкорат. Муттафиқ мешавам, ки дил надиҳам, Муътақид мешавам дигар борат.
Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат
Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат, То чу хуршед набинанд ба ҳар бому дарат. Ҷурми бегона набошад, ки ту худ сурати хеш Гар дар оина бибинӣ, биравад дил
Сари гӯри ту биншастам даме чанд
Сари гӯри ту биншастам даме чанд, Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд. Зи санги сарди болои мазорат Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?