Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй рабуда дилам ба айёрӣ,
Эй рабуда дилам ба айёрӣ, Дилбарӣ, лек турфа таррорӣ! Эй ҳазорон ҳазор ҷони азиз Аз ғамат уфтода дар хорӣ.
Аз сари хеш чаро зулф ба по афкандӣ,
Аз сари хеш чаро зулф ба по афкандӣ, Боз рӯзи сияҳе бар сари мо афкандӣ? Мӯниси дарду ғам, эй ҷон, дилаке буд маро, Даррабудӣ зи бари ман, ба куҷо афкандӣ.
Ба тарки эътибор он беҳ, ки озоде қарин афтӣ,
Ба тарки эътибор он беҳ, ки озоде қарин афтӣ, На к-аз шуҳрат ба ранги ном дар банди нигин афтӣ. Ту нодониста ҷо биншастӣ, эй чини ғазаб, в-арна, Табассум будаӣ,
Имшаб чӣ шаб аст ин, ки дар оғӯши ман астӣ!
Имшаб чӣ шаб аст ин, ки дар оғӯши ман астӣ! Дар сина чу дил, балки чу ҷон дар бадан астӣ. Шабнамсифат аз рӯи ту фирдавс ниҳон аст, Эй тозагул, охир зи кадомин ч
Эй, ки набвад чун дили сахтат ба сахтӣ хорае,
Эй, ки набвад чун дили сахтат ба сахтӣ хорае, То кай ин сангиндилӣ дар бораи бечорае? Дил ҳазорон пора хоҳам кард аз теғи ғамат, То диҳам пайванд бар ҳар тора м
Чу рабудаӣ дили ман ба тариқи ошноӣ,
Чу рабудаӣ дили ман ба тариқи ошноӣ, Зи ту ҳошалиллаҳ акнун, ману тоқати ҷудоӣ. Ҳама нозиву такаббур, ҳама ҷавриву тазаллум, Дили оламе, надонам, ба чӣ шева мер
Эй зулфи сунбулат зада бар арғувон гиреҳ,
Эй зулфи сунбулат зада бар арғувон гиреҳ, Афканда сад гиреҳ ба раги ҷон аз он гиреҳ. Шуд фикратам ба дил зи дами сарди носеҳон, Чун решаҳои нахл зи боди хазон г
Эй ба боло чун санавбар в-эй ба ораз ҳамчу моҳ,
Эй ба боло чун санавбар в-эй ба ораз ҳамчу моҳ, В-эй ба болои санавбар дода маҳро ҷойгоҳ. Ҷуз ба болои ту, рухсори ту, эй афсуни халқ, Ҳеҷ кас дида-ст дар рӯи с
Муҳаббати ту ба ҷонам чунон асар карда,
Муҳаббати ту ба ҷонам чунон асар карда, Ки аз раҳи мижа хуни дилам бадар карда. Сабурӣ аз ту муяссар намешавад, ки ғамат Зиёда буд, фироқат зиёдатар карда.
Хатти ту гарди ғолия гирди қамар зада,
Хатти ту гарди ғолия гирди қамар зада, Аз мушки суда муҳр ба дурҷи гуҳар зада. Ташбеҳ ҷуз ба ҷавҳари ҷон нораво бувад, Лаъли туро, ки ханда ба ёқути тар зада.
Қулай кардам, ки нофаҳмонда бӯсам аз даҳони ӯ,
Қулай кардам, ки нофаҳмонда бӯсам аз даҳони ӯ, Рамиду дод нафрин ҳар чи омад бар забони ӯ. Лабаш дар ханда мерезад шакар аз ҳуққаи гавҳар, Маро, эй ҷон, нисори
Бурд дил аз дасти ман зулфи парешони ӯ,
Бурд дил аз дасти ман зулфи парешони ӯ, Кард сияҳ бахти ман наргиси фаттони ӯ. Баски таровид шаҳд гоҳи сухан аз лабаш, Гашт пур аз ангубин чоҳи занахдони ӯ.
Эй маҳи лоғармиёну эй бути фарбеҳсурин,
Эй маҳи лоғармиёну эй бути фарбеҳсурин, Ман ба фикри ину онам гаҳ чунон, гоҳе чунин То шавад равшан, ки дар хубӣ яди байзо турост, Соиди симини худ берун барор
Эй лабат мул, оразат гул, турраат сунбул барин,
Эй лабат мул, оразат гул, турраат сунбул барин, Ғабғабат дар чарбу нармӣ тухми нимдунбул барин. Оқибат коми дили худ з-он кафал хоҳад гирифт, Ҳар кӣ аз пушти ту
Эй лабат лаълу қадат сарву рухат лола барин,
Эй лабат лаълу қадат сарву рухат лола барин, Зада хат гирди рухат ҳалқа ба маҳ ҳола барин. Шудаӣ воқифам аз камбағалӣ в-арна чаро, Нест имсол ба ман меҳри ту ҳа
Баҳри хотири шабнам вазъи ғунча пайдо кун,
Баҳри хотири шабнам вазъи ғунча пайдо кун, Гиряам бубин, яъне, тугмаи қабо во кун. Фасли навбаҳор омад, азми сайри саҳро гир, Ҳамчу лола якчанде фикри дафъи сав
Эй хати мушкин, ватан бар тарфи рухсораш макун,
Эй хати мушкин, ватан бар тарфи рухсораш макун, Равнақи ҳуснаш мабар, беқадру миқдораш макун. Гарчи ту султони ҳуснӣ, дорад ӯ ҳам кишваре, Бар азизи кишваре шук
Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман,
Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман, Хонаи мардум шавад охир хароб аз чашми ман. Ҳар касе равшансаводи нусхаи сӯзи дил аст, Мекунад мазмуни сад баҳр инти
Маро дил мекашад имшаб ба васлат анҷуман кардан,
Маро дил мекашад имшаб ба васлат анҷуман кардан, Ба чандин сӯз чун парвона шамъе дар лаган кардан. Ба завқи он миён чун мӯ ба худ ҳар лаҳза печидан, Зи лутфи он
Саросар ойинаболида аст пайкари ман,
Саросар ойинаболида аст пайкари ман, Ба ҳайратам, ки чӣ кас ҷилва кард дар бари ман. Зи файзи хиҷлати ҷурм он қадар наям огаҳ, Ҷуз ин, ки Кавсари нақд аст ҷабҳа
Афзуние ба ёди ту то чанд костан?
Афзуние ба ёди ту то чанд костан? Ҷуз ту касе туро натавонад сипостан. Дар сина доғи ишқи ту чун нақш дар нигин, Дар дида акси рӯи ту чун дар либос тан.
Бурида бод забони суханварони замон,
Бурида бод забони суханварони замон, Зи бас ба таънаи Шоҳин кушудаанд даҳон. Хирад кай аз сари тавфиқ мекунад инсоф, Шавад ба дидаи таҳқиқ ин нуҳуфта аён,
Ба ҳавои лабу дандони ту, эй офати ҷон,
Ба ҳавои лабу дандони ту, эй офати ҷон, Гаҳам аз дида чакад луълуъ, гоҳе марҷон. Ишқ бар ҷони ман он мекунад имшаб, ки агар Бар дили кӯҳ кунад, кӯҳ дарояд ба фи
Эй ба лаб лаълу ба рух лола, ба қад сарви равон,
Эй ба лаб лаълу ба рух лола, ба қад сарви равон, Назари марҳамате ҷониби ин камбағалон. Фасли саҳрост агар даст диҳад сомон кун, Кадаҳи бода, бути сода, лаби об
Моҳи рухсори ту аз зери ниқоб ояд бурун,
Моҳи рухсори ту аз зери ниқоб ояд бурун, Ончунон к-аз пардаи субҳ офтоб ояд бурун. Ё Раб, он бахти мусоид ку, ки дар оғӯши ҷом, Чун арӯс аз хиҷлаи мино шароб оя

