Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
К
Камолиддин Биноӣ

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб, Мешудам тифл ҷониби мактаб. Табъи мавзун маро ғаризӣ буд, Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд. Сар зи ман завқи шеър бар мезад, Шеърам аз рӯйи завқ сар мезад.