Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Офарин шасти хаданги чашми зеҳгири туро,
Офарин шасти хаданги чашми зеҳгири туро, К-аз дусад дил бигзаронад новаки тири туро! Банди савдои ғами Юсуф Зулайхо кай шудӣ, Гар бидидӣ печутоби зулфи занҷири
Агар ҳушам кунад чун шона дар зулфаш шабехунро,
Агар ҳушам кунад чун шона дар зулфаш шабехунро, Ба як мӯ баста гардам сарнавишти бахти вожунро. Ба ҷуз ваҳшат набошад ҳеч сармашқи хати ошиқ, Сияҳ аз чашми оҳу
Ин аст агар соз баму зери ҷаҳонро,
Ин аст агар соз баму зери ҷаҳонро, Бепарда макун нағмаи мизроби замонро. Бо хатти адаб соз ту аз сурма сиёҳӣ, Дар ҳарфи хамӯшӣ чу қалам банд миёнро.
То қазо карда-ст дар қасри бало бонӣ маро,
То қазо карда-ст дар қасри бало бонӣ маро, Чун ҳубобам нест ғам аз хонавайронӣ маро. Баъд аз ин килки адаб аз чӯби сунбул мекунам, Зулфи ӯ то гашт сармашқи паре
Гар қазо бо ман нависад меҳнати айёмро,
Гар қазо бо ман нависад меҳнати айёмро, Илтиёми захм созам панҷаи зирғомро. Дар биёбоне, ки мурғи ваҳшати мо пар занад, Хуни бисмил дона гардад ҳалқаҳои домро.
Набошад илтифоте бо ман акнун теғи қотилро,
Набошад илтифоте бо ман акнун теғи қотилро, Ки созад нохудо дар мавҷи хунам матлаби дилро! Ба ёди ҳасрати лаълаш ман аз худ меравам ҳар дам, Ки мебандад ба дӯши
Агар ин аст акнун қадри рифъат ошёнашро,
Агар ин аст акнун қадри рифъат ошёнашро, Зи чарх ояд ба шогирдӣ Масеҳо посбонашро. Ба рӯи сафҳа ҳар дам аз найи килкам шакар резад, Ба ҳангоми рақам гар дар қал
Агар ин аст тундӣ тавсани ҷавлоншитобашро,
Агар ин аст тундӣ тавсани ҷавлоншитобашро, Ғубори хок шав, то ворасӣ бӯси рикобашро. Зи тори риштаи андеша дӯзам ҷомаи нозаш, Ҳадиси накҳати гул медарад тарфи н
Зи ораз бурқаъ афкандӣ, кушудӣ рӯи зеборо,
Зи ораз бурқаъ афкандӣ, кушудӣ рӯи зеборо, Зи барқи рух задӣ оташ бисоти хирмани моро. Сафед аз интизори мақдамат шуд чашми уммедам, Хушо рӯзе, ки ҳамчун нур ба
Ба ҷуз аз нотавониҳо агар бурдӣ ту роҳ он ҷо,
Ба ҷуз аз нотавониҳо агар бурдӣ ту роҳ он ҷо, Садои кӯси навбат зан зи моҳӣ то ба моҳ он ҷо! Агар раҳмат ҳавас дорӣ, умед аз ғайр кӯтаҳ кун, Ки ғайр аз лутфи ӯ
Ғами ту, то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо,
Ғами ту, то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо, Ба ҷуз рӯи гулат дигар ба чашмам хору хас бодо! Хаёлам дар шаби зулфат равад ногаҳ ба айёрӣ, Ба шаҳристони ҳусн
Туӣ, ки коми ман, эй шӯхи хушкафал, надиҳӣ,
Туӣ, ки коми ман, эй шӯхи хушкафал, надиҳӣ, Муроди хотири ушшоқи камбағал надиҳӣ. Зи рӯи лутф ба дашноми талх шодам кун, Агарчи бӯса зи лабҳои чун асал надиҳӣ.
Он на зулф аст, ки бар чеҳра барандохтаӣ,
Он на зулф аст, ки бар чеҳра барандохтаӣ, Халқро рӯзи сиёҳе ба сар андохтаӣ. Ман туро мардумаки дидаи худ медонам, Ту маро ҳамчу сиришк аз назар андохтаӣ.
Наям ман ҷуз ҳамин оворгарди кӯҳу ҳомуне,
Наям ман ҷуз ҳамин оворгарди кӯҳу ҳомуне, Зи худ бегона, яъне Лайлиеро гашта Маҷнуне. Дили ман бӯсаи дашномомези ту мехоҳад, Ба тахмири гулу қандам макун таклиф
Эй, ки аз қадди расо ғайрати сарву чаманӣ,
Эй, ки аз қадди расо ғайрати сарву чаманӣ, Сарвӣ, эй моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ. Лабу дандони ту, эй сарвқади симандом, Беҳтар аз лаъли Бадахшониву дурри А
Дилам рабудиву дар қасди бурдани ҷонӣ,
Дилам рабудиву дар қасди бурдани ҷонӣ, Агар ғалат накунам, сахт номусулмонӣ. Ман аз ҷафои ту чун рахт баркашам зи ҷаҳон, Туро чӣ суд пас аз марги ман пушаймонӣ?
Эй ғарра ба афсонаи айёми ҷавонӣ,
Эй ғарра ба афсонаи айёми ҷавонӣ, Халқе зи ғамат пир шуд, ин турфа надонӣ. Маълуми ту ҳолам нашуд аз номаву пайғом, Боз о, ки кунам шарҳи ғами хеш забонӣ.
Эй рашки парӣ, ғайрати хубони ҷаҳонӣ,
Эй рашки парӣ, ғайрати хубони ҷаҳонӣ, Хубон ҳама ҷисманд, дар он ҷисм ту ҷонӣ. Исо наӣ, аммо агар аз ишқи ту мирам, Хоҳӣ, ки ба як ишва кунӣ зинда, тавонӣ.
Нозанин дилбарако, чанд ба ман ноз кунӣ,
Нозанин дилбарако, чанд ба ман ноз кунӣ, Банди тунбон ба канори дигарон боз кунӣ?! Ман, ки тухм аз таҳи лаклак ба шатал бистонам, Ту чунон шуъбадабозӣ, ки маро
Эй беҳтар аз фариштаву бартар зи одамӣ,
Эй беҳтар аз фариштаву бартар зи одамӣ, Ақли мусаввариву равони муҷассамӣ. Мо мубталои ранҷу ту бар ранҷ роҳатӣ, Мо дардманди ишқу ту бар дард марҳамӣ.
Биё, то бо ҳам омезем ранги бодаву ҷоме,
Биё, то бо ҳам омезем ранги бодаву ҷоме, Диҳем оғози касратро зи кори ваҳдат анҷоме. Чӣ сон дур аз ту, ҷоно, чашми тамкин доштан аз ман, Ки бе васли гуҳар ҳарги
Эй дар чамани ҳусни қадат тоза ниҳоле,
Эй дар чамани ҳусни қадат тоза ниҳоле, В-аз ойинаи рӯи ту хуршед мисоле. Дидам ба хами зулфи туву чашми ту, гуфтам: «Дар сояи шамшод ғунудаст ғизоле».
Эй он, ки туро нест назиреву мисоле,
Эй он, ки туро нест назиреву мисоле, Аллоҳ, мабинод камоли ту заволе. Ҳар дам ба висолем, сухан аз сари шавқ аст, Мо аз ту ба фикреву ту аз мо ба хаёле.
Ҷонҳо фидои ҷони ту, эй ҷони зиндагӣ,
Ҷонҳо фидои ҷони ту, эй ҷони зиндагӣ, Боз о, ки нест бе туам имкони зиндагӣ. Бошад хати ту сабзаи сарчашмаи ҳаёт, Бошад лаби ту лаъли Бадахшони зиндагӣ.
Ба чоки сина кун ҳоли дили ошуфта тақрире,
Ба чоки сина кун ҳоли дили ошуфта тақрире, Ки хоби зулфро аз шона меҷӯянд таъбире. Бинозам ҳуснро, к-аз хатти мушкин кард он ораз, Ниҳод аз соя чун бар гардани

