Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дилам ба захми хадангаш зи баски муътод аст,
Дилам ба захми хадангаш зи баски муътод аст, Хаёли новаки ӯ сарнавишти устод аст, Аз он замон, ки ба зулфи ту шона маҳрам шуд, Ғизоли дашти Хутан зери нахли шам
Зиҳӣ, ойинаро ҳайрат хаёли акси тасвират,
Зиҳӣ, ойинаро ҳайрат хаёли акси тасвират, Камони фитнаро новак ҳадиси чашми зеҳгират! Чу хок акнун ба бод аз оташи теғи туам, лекин Басе ҷавҳар зи хунам гул кун
Нағмаи ушшоқ бошад дар навои андалеб,
Нағмаи ушшоқ бошад дар навои андалеб, Нест ғайр аз дидани гул муддаои андалеб. Сорбони ранги гулшан дорад оҳанги сафар, Кай бувад дар маҳмили ӯ ҷуз дарои андале
Агарчи дурам аз наззораи рухсори ёр имшаб,
Агарчи дурам аз наззораи рухсори ёр имшаб, Бувад лавҳи хаёли абруи ӯ дар канор имшаб. Наям осудаи шавқаш даме аз изтироби дил, Пари парвона дорад дуди шамъи инт
Мебарад лаъли лаби ӯ нашъа аз мавҷи шароб,
Мебарад лаъли лаби ӯ нашъа аз мавҷи шароб, Мекашад домони зулфаш аз гиребони гулоб. Ламъаи барқи рухаш ҳар дам ба ушшоқ он кунад, Дар биёбон ташнаро ташвиши най
Менамояд бар лаби ҷӯ акси моҳи ман дар об,
Менамояд бар лаби ҷӯ акси моҳи ман дар об, Метавон аз моҳ то моҳӣ ҳама будан дар об. Нест суде сифларо аз суҳбати равшандилон, Сахт расво мешавад, ояд агар оҳан
Шӯхи бебоке, ки карда хонаи мардум хароб,
Шӯхи бебоке, ки карда хонаи мардум хароб, Теғи абрӯяш барои қатли ман дорад шитоб. Монӣ аз баҳри ҳавои сурати зебои ӯ Чун фалак саргашта афтодаст то явмулҳисоб.
Сунбул аз ошуфтагӣ зулфи кажат як печутоб,
Сунбул аз ошуфтагӣ зулфи кажат як печутоб, Мусҳафи рӯи туам тафсир дорад сад китоб. Юсуф аз шарми ҷамолат маҳви зиндон гаштааст, Эй ҷамоли оламорои ту равшан з-
Аз тапидан хона бар дӯши фано дорад ҳубоб,
Аз тапидан хона бар дӯши фано дорад ҳубоб, Лангари киштӣ, ту гӯӣ, аз ҳаво дорад ҳубоб! Дам ба дам аз шавқ чун девонаи дашти ҷунун Аз шикати мавҷ занҷире ба по д
Эй баҳори ноз, баҳри зинати гулҳо биё!
Эй баҳори ноз, баҳри зинати гулҳо биё! Сайри дарё орзу дорӣ, ба чашми мо биё! Кардаам дур аз рухат тамҳиди сомони ҷунун, Эй сувайдои диламро дофеи савдо, биё!
Зи худ бисёр дур афтодам аз маъниқариниҳо,
Зи худ бисёр дур афтодам аз маъниқариниҳо, Маро сармашқи ҳайронист акнун мӯйи чиниҳо. Тавон дар мазраи боғи ҷаҳон гул аз адаб чидан, Ки сад хирман намои ҳосил а
Агар ин аст бо хубони олам ошноиҳо,
Агар ин аст бо хубони олам ошноиҳо, Тавон кардан чу най фарёд аз дасти ҷудоиҳо! Наёмад заврақи ман дар канори соҳили васлаш, Ба баҳри ишқ ҳарчанде ки кардам нох
Умрҳо шуд, мезанам дар роҳи ишқаш гомҳо,
Умрҳо шуд, мезанам дар роҳи ишқаш гомҳо, Рафтани ранг аст аз мо бастани эҳромҳо. Эътибори мову ман аз нашъаи кайфи дил аст, Фоли фурсат мезанад ҳар дам садои ҷо
Гар хиромад он парирӯ ҷониби гулзорҳо,
Гар хиромад он парирӯ ҷониби гулзорҳо, Шӯри маҳшар мешавад дар кӯчаву бозорҳо. Ҳар нафас дар хонаи дил нақши тасвираш бувад, Бо пари ҳоил намегардад дару деворҳ
Эй зи мавҷи талъатат наззора дар гирдобҳо,
Эй зи мавҷи талъатат наззора дар гирдобҳо, Ҳайрати ойина бошад шӯхии симобҳо. Эҳтиёҷе нест дар кӯяш ба шамъи дил маро, Шамъро нуре набошад дар шаби маҳтобҳо.
Сафои сайқали дилҳо бувад аз дидани мино,
Сафои сайқали дилҳо бувад аз дидани мино, Дами субҳи тараб як партав аз хандидани мино. Писанд омад ба базми боданӯшон бо майи соқӣ Туро дар интизори пунба аз с
Ҳар киро бошад гузар бар кулбаи эҳзони мо,
Ҳар киро бошад гузар бар кулбаи эҳзони мо, Нашканад ҷуз қурси маҳ ноне дигар аз хони мо. То ба кай бар нағмаи носози мо гӯше ниҳӣ, Кай ба ҷуз савти фироқ ояд ди
Баски чун анқо зи хотирҳо фаромӯшем мо,
Баски чун анқо зи хотирҳо фаромӯшем мо, Гар ҷаҳон аз мо напӯшад чашм, мепӯшем мо. Ҷӯши шаккар дар най охир мекунад манъи садо, Аз камоли шаҳди мазмун гарчи хомӯ
Аз ҳуҷуми ашк бар дарё гузар дорем мо,
Аз ҳуҷуми ашк бар дарё гузар дорем мо, Решаи нахли умед аз чашми тар дорем мо. Баски бошад ҷинси моро гармии бозори ғам, Гӯиё дукконе аз санги шарар дорем мо.
Баски дар кӯҳи бало ҳамсанги Фарҳодем мо,
Баски дар кӯҳи бало ҳамсанги Фарҳодем мо, Шишаи ҷамъияти хайли паризодем мо. Қасри бунёди дили мо лоиқи таъмир нест, Махзани ганҷему аз вайронӣ ободем мо.
Надорад майли улфат вазъи озодиписанди мо,
Надорад майли улфат вазъи озодиписанди мо, Бувад чун сарв урёнӣ ба бар моро паранди мо. Садои маҳмили роҳи нафас шуд изтироби дил, Ба ғайр аз нола кай хезад диг
Набошад завқи роҳат коми арбоби маониро,
Набошад завқи роҳат коми арбоби маониро, Ки созад чарх сарфи сифла шаҳди меҳрубониро. Ба нарди муҳраи ғам аспи мақсадро зи фарзин кун, Зи кишти беасар ҳосил наб
То зи акси хеш кардӣ сарфароз ойинаро,
То зи акси хеш кардӣ сарфароз ойинаро, Бошад андар рӯи ту рӯи ниёз ойинаро. Дида шуд то маҳрами наззораи рухсори ту, Ҳайрати мо кард охир турктоз ойинаро.
Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,
Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро, Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро? Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон, Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонар
То ба авҷи дилбарӣ зад ахтараш дунболаро,
То ба авҷи дилбарӣ зад ахтараш дунболаро, Моҳ дар оғӯши худ гум кард хатти ҳоларо. Сурма аз бахти сияҳ дар коми фарёди ман аст, Аз сипанди мо шунидан нест ҳарги

