Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Боз бунафша расид ҷониби савсан дуто

Боз бунафша расид ҷониби савсан дуто, Боз гули лаълпӯш мебидаронад қабо. Боз расиданд шод з-он суви олам чу бод Масту хиромону хуш сабзқабоёни мо! Сарви аламдор рафт, сӯхт хазонро ба тафт В-аз сари куҳ рух намуд лолайи ширинлиқо! Сунбула бо ёсуман гуфт: «Саломун алайк», Гуфт: «Алайкассалом, дар чаман ой, ай фато!». Ёфта маъруфийе ҳар тарафе сӯфийе, Дастзанон чун чанор, рақскунон чун сабо! Ғунча чу мастуриён карда рухи худ ниҳон, Бод кашад чодараш, к-ай сара, рӯ баркушо! Ёр дар ин кӯйи мо, об дар ин ҷӯйи мо, Зинати нилуфарӣ, ташнаву зардӣ чаро?! Рафт дайи рӯтуруш, кушта шуд он айшкуш, Умри ту бодо дароз, ай сумани тезпо! Наргис дар моҷаро чашмак зад сабзаро, Сабза сухан фаҳм кард, гуфт, ки фармон туро! Гуфт қаранфул ба бед: «Ман зи ту дорам умед», Гуфт: «Азабхонаам хилвати туст, ассало!». Себ бигуфт: «Ай турунҷ, аз чӣ ту ранҷидайӣ?», Гуфт: «Ман аз чашми бад менашавам худнамо!». Фохта бо куву ку омад, к-он ёр ку?! Кардаш ишорат ба гул булбули шириннаво! Ғайри баҳори ҷаҳон ҳаст баҳоре ниҳон, Моҳруху хушдаҳон, бода бидиҳ, соқиё!