То ба шаб, ай орифи шириннаво
То ба шаб, ай орифи шириннаво,
Они мойӣ, они мойӣ, они мо!
То ба шаб имрӯз моро ишрат аст,
Ассало, ай покбозон, ассало!
Дархиром, ай ҷони ҷони ҳар самоъ,
Маҳлиқойӣ, маҳлиқойӣ, маҳлиқо!
Дар миёни шаккарон гулрез кун,
Марҳабо, ай кони шаккар, марҳабо!
Умрро набвад вафо, илло ту умр
Бовафойӣ, бовафойӣ, бовафо!
Бас ғарибӣ, бас ғарибӣ, бас ғариб,
Аз куҷойӣ, аз куҷойӣ, аз куҷо?!
Бо кӣ мебошиву ҳамроҳи ту кист?!
Бо Худойӣ, бо Худойӣ, бо Худо!
Ай гузиданақш, аз наққоши худ
Кай ҷудойӣ, кай ҷудойӣ, кай ҷудо!
Бо ҳама бегонайиву бо ғамаш
Ошнойӣ, ошнойӣ, ошно!
Ҷузв-ҷузви ту фиканда дар фалак
Раббанову Раббанову Раббано!
Дилшикаста, ҳин, чаройӣ, баршикан
Қалбҳову қалбҳову қалбҳо!
Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро
Мунтаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо!
Юсуфо, дар чоҳ шоҳӣ ту, валек
Беливойӣ, беливойӣ, беливо!