Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Моҳи рухсори ту аз зери ниқоб ояд бурун,
Моҳи рухсори ту аз зери ниқоб ояд бурун, Ончунон к-аз пардаи субҳ офтоб ояд бурун. Ё Раб, он бахти мусоид ку, ки дар оғӯши ҷом, Чун арӯс аз хиҷлаи мино шароб оя
Мо аз ту ба ҷуз ҷафо надидем,
Мо аз ту ба ҷуз ҷафо надидем, Кардем вафо, вафо надидем. Аз чашми ту, к-он балои ҷон аст, Ғайр аз нигаҳи ало надидем.
Маро олуда бо хун аст ҷайб аз гиря, доман ҳам,
Маро олуда бо хун аст ҷайб аз гиря, доман ҳам, Биё, то вораҳад дил аз гузори фурқатат, тан ҳам. Ба хоки турбати ман мекунӣ бозӣ, зиҳӣ тифле, Ки нагзорӣ маро фор
Қад барафроз, ки болои туро банда шавам,
Қад барафроз, ки болои туро банда шавам, Рух барафрӯз, ки симои туро банда шавам! Лаби чун лаъли худ, эй маҳ, ба шакарханда кушой, То лаби лаъли шакархои туро б
Ман, ки аз доираи аҳли хирад берунам,
Ман, ки аз доираи аҳли хирад берунам, Дидаам рӯи ту Лайливаш, аз он Маҷнунам. Соқии ишқ пайи дафъи хумори лаби ту Ивази бода ба соғар бичашонад хунам.
Манам, ки рашк барад, иқди луълу аз суханам,
Манам, ки рашк барад, иқди луълу аз суханам, Бад-ин сухан ҳама дам дам зи хубии ту занам. Намерасад даҳанам, доғам, эй муборакрӯ, Ба чашми худ, ки туро дидааст,
Дамбадам аз гиря фикри дарди дигар кардаем,
Дамбадам аз гиря фикри дарди дигар кардаем, Неши мижгоне ба ёди захми дил тар кардаем. Нест бе фарсуди саъй андешаи таҳсили ҷоҳ, Обила гаштем то сомони афсар ка
Ба кунҷи мадраса то чанд қилу қол кунам,
Ба кунҷи мадраса то чанд қилу қол кунам, Зи хоки майкада он беҳ, ки касби ҳол кунам. Даме, ки мӯниси ҷони манӣ, ҳанӯз кам аст, Дуои ҷонат агар сад ҳазор сол кун
То назар бар рӯи он хуршедманзар мекунам,
То назар бар рӯи он хуршедманзар мекунам, Ҳамчу абр аз гиря ҷайбу остин тар мекунам. Гуфтам аз бечорагӣ комам диҳад он маҳ, надод, Баъд аз ин бо ӯ раҳи олуфтагӣ
Шабе, ки ёд зи васли ту, моҳпора, кунам,
Шабе, ки ёд зи васли ту, моҳпора, кунам, Зи ашки хуншуда доман пур аз ситора кунам. Зи осмон ба сарам гар ситора борад санг, Гар аз канори ту, эй маҳ, даме кано
Дар ишқ аз ин зиёда чӣ тадбир мекунам,
Дар ишқ аз ин зиёда чӣ тадбир мекунам, Яъне, ки тан ҳавола ба тақдир мекунам. Фориғ наям зи нолаи пинҳону ошкор, Ин ноларо гаҳе баму гаҳ зер мекунам.
Кай бувад, ё Раб, ки ҷо дар водии Салмо кунам,
Кай бувад, ё Раб, ки ҷо дар водии Салмо кунам, То тасалло дидаро з-он хоки нурафзо кунам? Чанд бошам дар ҳавояш заррапаймои ҳазиз, Дар қиёсороияш тамсили истиқр
Чӣ гуна дар назари ҷилваи ту манзурам,
Чӣ гуна дар назари ҷилваи ту манзурам, Ки ҳамчу ойина аз чашми хеш мастурам. Ба гуфтугӯи туам рашки дастгоҳи Калим, Зи тоби оташи шавқи ту ғайрати Тӯрам.
Сиёҳҷурда нигори арабнасаб писарам,
Сиёҳҷурда нигори арабнасаб писарам, Куҷост, ҳамчу ҳумо соя афканад ба сарам. Чу доғ мечакадам ашки гарм, метарсам, Мабод сар кашад аз дида оташи ҷигарам.
Як шаб висоли ёр чунон шуд муяссарам,
Як шаб висоли ёр чунон шуд муяссарам, К-омад ба ноз такя заду хуфт дар барам. Аз бас ба ноумедии худ будам устувор, Медидамаш аёну намегашт боварам.
Шукр лиллаҳ ба висолат дили хуррам дорам,
Шукр лиллаҳ ба висолат дили хуррам дорам, Он чӣ асбоби нишот аст, фароҳам дорам. Бода нохӯрда чаро ришва хӯранд аҳли қазо, Гила аз харкусии мардуми олам дорам.
Ба шӯхи моҳпайкар, сарви симинбар гирифторам,
Ба шӯхи моҳпайкар, сарви симинбар гирифторам, Ба гесӯи чу чанбар, лаъли чун шакар гирифторам. Ту бар рухсора зулфи худ чу чанбар ҳалқа месозӣ, Мани ошуфта бар о
То мубталои ишқи ту, эй бевафо, шудам,
То мубталои ишқи ту, эй бевафо, шудам, Аз дӯстони якҷиҳати худ ҷудо шудам. Донистаме, ки меҳр ба ошиқ намениҳӣ, Дониста ошиқи маҳи рӯят чаро шудам?
Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,
Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам, Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам. Лаб мегазӣ, эй шӯх, надонам ки чӣ гӯӣ, Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.
Шаб, ки гул дар табақу бода ба соғар кардам,
Шаб, ки гул дар табақу бода ба соғар кардам, Базми туркона ба ёди рухи дилбар кардам. Омад он дилбари ман, дар қадамаш баҳри нисор, Аз сари ҳар мижа исори гуҳар
Ба кафши ҷустуҷӯ дӯшина шаб наълу патак кардам,
Ба кафши ҷустуҷӯ дӯшина шаб наълу патак кардам, Ба сад ҷо гаштам, аз ҷое ҷавонеро дарак кардам. Нагардад то рақиби фитнакор аз буғи дег огаҳ, Ба қӯши хештан ова
Як бӯса аз он орази гулфом гирифтам,
Як бӯса аз он орази гулфом гирифтам, Яъне ба муроди дили худ ком гирифтам. Дар ҳалқаи зулфи ту задам дасти иродат, Дар зери нигин маҳкамаи Шом гирифтам.
Сухан ҳар он чи, ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Сухан ҳар он чи, ки хуштар бувад, манаш гуфтам, Гуҳар ҳар он чи, ки беҳтар бувад, манаш суфтам. Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт, Ба бод рафтаму чун гул
Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам,
Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам, Биё бубин, ки дилат ҳар чи хост, он шудаам. Ба ғайри хору хасу меҳнатам наёмад пеш, Ба ҳар тараф, ки чу оби равон равон шу
Мо дуо мекунем, ӯ дашном,
Мо дуо мекунем, ӯ дашном, Ошиқонрост ин ҷавоби салом. Шираи ток бо қайи занбӯр, Турфа шаръист ин ҳалолу ҳаром.

