Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз баъди вафотам чу намоӣ хами гесу-т,
Аз баъди вафотам чу намоӣ хами гесу-т, То бут биёбам, шиканам тахтаи тобут. Чун ёди сабо боди сабо бар дари хешам, Аз Чин магар оварда зи мушки Хутани мӯ-т.
Гар зи рух барафканӣ, эй маҳ, ниқоб,
Гар зи рух барафканӣ, эй маҳ, ниқоб, Чун чароғи субҳ мирад офтоб. Нусхаҳо дидем, аммо рӯйи ту Нусхае бошад, ки набвад дар китоб.
То зи чашми он парирӯ чеҳра пинҳон кард шаб,
То зи чашми он парирӯ чеҳра пинҳон кард шаб, Рӯзи моро, бегумон, аз дарди ҳиҷрон кард шаб. Рӯзҳо аз муждаҳои васл моро шод кард, Ваъда бар мо буд, бо хайли рақи
Мерасад он ҷангҷӯ пойи ситам дар рикеб,
Мерасад он ҷангҷӯ пойи ситам дар рикеб, Ҷавру ҷафо пешрав, зулму ғазаб аз ақиб. Найзаи мижгон нигаҳ баста чу теғи сипаҳ, Нуқтаи холи сияҳ донаи доми фиреб.
Чи мушкил аст дар ин арса ғайр аз ин матлаб,
Чи мушкил аст дар ин арса ғайр аз ин матлаб, Ки обрӯ наравад аз касе ба тарки адаб. Замона чунки ба найрангу ҳила обод аст, Куҷо ки хаз накунад пешкории саълаб.
Маҳо, ба хирмани ҳусни ту хӯшачин маҳтоб,
Маҳо, ба хирмани ҳусни ту хӯшачин маҳтоб, Ки нур медамад аз чарх то замин маҳтоб. Ба даври ҳусни ту хубон тавон ки лоф зананд, Чу шуд зи софии рӯйи ту шармгин м
Зи дасти норасо ҳаргиз насудам домани матлаб,
Зи дасти норасо ҳаргиз насудам домани матлаб, Магар аз ноумедӣ баҳла дорад панҷаам, ё Раб. Надорад сурфае ғайр аз тапидан мурғи оромам, Чу бисмил набзи бетобист
Эй ғофил аз фароғати болои бӯрё,
Эй ғофил аз фароғати болои бӯрё, Махмал фурӯшу гир зи дебои бӯрё. Пастӣ гузин, ки риштаи гарданкашӣ кашид Болои най ба домани саҳрои бӯрё.
Набошад поси номуси вафо қалбошноиро,
Набошад поси номуси вафо қалбошноиро, Баҳори рангу бӯ набвад гули суратнамоиро. Замин муштоқи мушти устухони туст, эй ғофил, Кушода чун ҳумо минқору чанги сахтх
Баски дил афсурда шуд аз хотири ношоди мо,
Баски дил афсурда шуд аз хотири ношоди мо, Ҷуз забони сурмалесӣ нест дар фарёди мо. Аз самуми оҳи мо гардун самандархонаест, Ин қадар оташ, кӣ афкандаст дар бун
Ин қадар мову манӣ гашта ҳувайдо ин ҷо,
Ин қадар мову манӣ гашта ҳувайдо ин ҷо, Дами назъест зи халқе шуда боло ин ҷо. Неъмати моидаи чарх надорад намаке, Луқмаи чарбу ширин, бодаи сафро ин ҷо.
Гар аз ҷамол во кунад моҳам ниқобро,
Гар аз ҷамол во кунад моҳам ниқобро, Резад арақ зи ҷабҳаи ноб офтобро. Эй офтоб, орази гарми ту доғ кард Дар барги лола шабнаму дар гул гулобро.
Муқими хонаро роҳат расад музди нишастанҳо,
Муқими хонаро роҳат расад музди нишастанҳо, Расад дар кулбаи ойина сурат бе давиданҳо. Зи бемағзӣ ҳубобосо дар ин ҷо худнамоёнро Ба зери гунбади дастор нопайдос
Эй номи ту туғрои ҷабин кӯҳи Яманро,
Эй номи ту туғрои ҷабин кӯҳи Яманро, Аз лутфи ту ҳар қатра гуҳар баҳри Аданро. Фахрам, ки қалам рӯзи азал карда мувашшаҳ, Аз номи ту сарномаи бадномии манро.
Риши қозӣ аз сари мино, биё, кан, соқиё,
Риши қозӣ аз сари мино, биё, кан, соқиё, То парӣ парвоз гирад з-ин мақоми тангно. То ба рағми муҳтасиб бар мо хуморе бишканӣ, Чеҳра гулгун созу бар каф соғари с
Мо раҳрави ишқему бигӯ ҷо-т куҷо?
Мо раҳрави ишқему бигӯ ҷо-т куҷо? Фармо, ки суроғе бикунем мо-т куҷо? Худ фидя диҳӣ дияти мо в-арна ба маҳшар Мақтули туро даъвиву исбот куҷо.
Гирди ҳар сар чун фалак гаштем бо пушти дуто,
Гирди ҳар сар чун фалак гаштем бо пушти дуто, Лаб ба дашномам кушуд, ин кор кард аз марҳабо. Доғи сад тадбирам асбоби таааллуқ кардааст, Дарди сар бас буд, нори
Бастарӯ меравӣ, эй шоҳиди мастона чаро?
Бастарӯ меравӣ, эй шоҳиди мастона чаро? Хотират ранҷа шуд аз мардуми ин хона чаро? Барқ дар пардаи фонуси ситамгор расад, Ки кунад шамъ ҷудо аз пари парвона чар
Боз ғам якбора омад хотири ранҷурро,
Боз ғам якбора омад хотири ранҷурро, Ваҳ, ки дар ин хона барпо кард боз ин шӯрро. Шӯри ин ваҳшатсаро мағзам чунон аз кор бурд, Бехабар, тарсам, ки монад наъраҳо
Фитад дар хун саҳар, чун шом бинад кушта ҷонамро,
Фитад дар хун саҳар, чун шом бинад кушта ҷонамро, Бигирад гардани най, нола гӯш орад фиғонамро. Ба доғат баъди мурдан чун наям аз сӯхтан фориғ, Кунад парвона аҳ
То ба кай дил хун кунӣ дар парда пинҳонӣ маро,
То ба кай дил хун кунӣ дар парда пинҳонӣ маро, Бисмилам якбора кун, хоҳӣ чу осонӣ маро. Донаи дилро ба зуннори муҳаббат бастаем, Ҳоҷати дигар набошад сабҳагардо
Ҷӯшад зи лаб табхолаҳо, бинам чу он бебокро,
Ҷӯшад зи лаб табхолаҳо, бинам чу он бебокро, Аз бас шунидам борҳо бераҳмии атрокро. Андар мазори майчашон биншон ниҳоли дигаре, Зеро нахоҳад ин замин ҷуз решаҳо
Дар ин бозича чун тифлон чаро ин хокбозиҳо?
Дар ин бозича чун тифлон чаро ин хокбозиҳо? Абас то чанд дорӣ ҳарза завқи лобасозиҳо? Расид айёми пирӣ, нури чашмат кам шуд, эй ғофил, Нашуд кам ҳирсу озат, беш
Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро,
Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро, Ҷуз мадди хаёлат накашам ҳеч рақамро. Ҷон дар пайи савдои ту аз хеш чунон рафт, Мушкил ки қиёмат барадаш хоби адамро.
Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о,
Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о, То монда нагардӣ, қадаме пеш бурун о. Чандон ки давидӣ, ба муроде нарасидӣ, Ҳиҷрат талаб, аз ваҳми бадандеш бурун о.

