Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2369

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1520

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1315

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1289

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 980

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 945

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 928

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 767

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 715

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 689

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 641

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 640

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 620

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Забон гумкарда

👁 616

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 606

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 580

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 568

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 560

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хандаи лола

👁 532

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 529

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 521

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Худо гар парда бардорад

👁 517

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 516

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Шони муаллим

👁 510

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Тоҷикистон

👁 498

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат

Бозор Собир
Бозор Собир

Ҳамаи шеърҳо

То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро,

👁 5

То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро, З-оташи дил нола мехезад найи фарёдро. Хоки мо з-афсурдагиҳо қобили таъмир нест, Хона барбод аст охир мулки бебунёдро.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро,

👁 3

Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро, Гӯ, ки ба ёд оварад мардуми дилфигорро. Аз чи гул аст хандавар, ғунча расида пардадар, Кист, ки мекунад саҳар як наз

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё,

👁 5

Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё, Меравад вақти тамошо, ҷилва сар то по, биё. Гул нигаҳ во кардаасту ғунча дар хун хуфтааст, Аз барои як назар бархезу

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо,

👁 5

Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо, Оламе дар об хоҳад рафт аз тӯфони мо. Ҳеч асрори азал маълуми Тӯри мо нашуд, Фикри мо гумроҳи мову ақли мо ҳайрони мо.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо,

👁 5

Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо, Дар дил ниҳон зи оташи шавқат дафинаҳо. Бар кӯҳ агар ҳикояти ишқи ту бигзарад, Ҳайрат кашад зи домани санг обгинаҳо.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо,

👁 4

Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо, Ширин бувад зи лаззати шаккар даҳони мо. Вомондагони ҷодаи дашти залолатем, Эй раҳнамо, ҳидояте бар корвони мо.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту

👁 5

Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту Бишкаста бол дар раҳи фикру хаёли ту. Бас танг ҷост вусъати майдони коинот Дар пешгоҳи соҳати қудси ҷалоли ту.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?!

👁 49

Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?! Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ. Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам, Зери пои бешуурон поймо

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ,

👁 10

Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ, Бигзарад пеши ту аз даъвии шаккаршиканӣ. Сунбули зулфи туро бод парешон созад, Бишканад анбари сороию мушки хутанӣ.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ёди айёме, ки сӯйи мо хироме доштӣ,

👁 14

Ёди айёме, ки сӯйи мо хироме доштӣ, Бо каф аз майхонаи алтоф ҷоме доштӣ! Аз баҳори оразат наззораам мечид гул, Чун нигаҳ дар хонаи чашмам мақоме доштӣ.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони кистӣ?

👁 25

Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони кистӣ? В-эй душмани имони ман, аз дӯстони кистӣ?! Тире зада бар ҷони ман мижгони новакафканат, Эй турки тирандози ман, абрӯкам

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Дилбарамро ҳаст, гӯё, сайри саҳро орзу,

👁 10

Дилбарамро ҳаст, гӯё, сайри саҳро орзу, Лоларо бошад аз он доғи сувайдо орзу. Ҳар замон мадди нигаҳро рухсати наззора кун, Бошадат гар аз ҷамоли ӯ тамошо орзу.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Моҳи тамоми ман, ки манам мустаманди ту,

👁 7

Моҳи тамоми ман, ки манам мустаманди ту, Мурғи дилам фитода ба доми каманди ту. Рафтори хеш кабки дарӣ тарк мекунад, Бинад агар хироми қади дилписанди ту.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Бурд диламро зи раҳ зулфи сумансои ӯ,

👁 5

Бурд диламро зи раҳ зулфи сумансои ӯ, Кард шаҳиди нигаҳ наргиси шаҳлои ӯ. Гашта ба ҳам тавъамон аз хати килки азал Дасти ману доманаш, фарқи ману пои ӯ.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Шӯхе, ки бигзарад зи дили мо синони ӯ,

👁 3

Шӯхе, ки бигзарад зи дили мо синони ӯ, Бошад хаданги ҳодиса тири камони ӯ. Дар саҳни боғ ғунчаи нашкуфта з-инфиол Хун мехурад зи ҳасрати рашки даҳони ӯ.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Буте дорам, ки сад майхона бошад дар канори ӯ,

👁 5

Буте дорам, ки сад майхона бошад дар канори ӯ, Бутонро фарз бошад саҷдаи тавфи мазори ӯ. Набошад боғи имконро гуле ҳамчун гули рӯяш, Агарчанде ки нашкуфта-ст як

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ба ёди хандаи он лаъли майгун

👁 9

Ба ёди хандаи он лаъли майгун Шудам чун ғунча дар ин боғ дилхун. Саводи зулфи ӯ шуд сархати ман, Бувад сармашқи ман ин бахти вожун.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Шӯхи шаҳрошӯби ман гар беҳиҷоб ояд бурун,

👁 8

Шӯхи шаҳрошӯби ман гар беҳиҷоб ояд бурун, Бо тамошои ҷамолаш офтоб ояд бурун. Аз майи васлаш рақибон ҷумла яксар комёб, Сӯи ошиқ он ҷафоҷӯ бо итоб ояд бурун.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Оҳ аз ҷӯши сафои табъи маънизои ман,

👁 7

Оҳ аз ҷӯши сафои табъи маънизои ман, Занги ғам ойинасон бигрифт сар то пои ман! Оқибат аз дасти найранги Зулайхои қадар Гӯшаи зиндони меҳнат шуд чу Юсуф ҷои ман

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй ҷафоҷӯ, андаке қалби маро тафреҳ кун,

👁 6

Эй ҷафоҷӯ, андаке қалби маро тафреҳ кун, Дар машомам аз шамими турраат тарвеҳ кун. Эй камонабрӯ, ба тири ғамза афкандӣ маро, Сайди худ магзор бо ғайру накӯ ташр

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Дар ғами ишқи ту охир нотавон хоҳам шудан,

👁 14

Дар ғами ишқи ту охир нотавон хоҳам шудан, Оқибат дар хок чун тири камон хоҳам шудан. Ошиқонро хоксорӣ рутбаи озодагист, Зери пои тавсанат чун парниён хоҳам шуд

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳаловат дар дилам аз ишқи ҷонон,

👁 8

Ҳаловат дар дилам аз ишқи ҷонон, Зи васлаш гаштаам чун ғунча хандон. Ба сар аз ишқи ӯ сад шӯру ғавғо, Ба дил аз меҳри ӯ сиррест пинҳон.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Надонам, нашъа аз паймонаи чашми кӣ дар ҷомам,

👁 8

Надонам, нашъа аз паймонаи чашми кӣ дар ҷомам, Занад барҳам дами субҳи нишотам зулмати шомам. Ба девони хаёлам нест ғайр аз абҷади ишқаш, Зи нақши ин нигин боша

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Нашъа аз майхонаи таҳқиқ мехоҳад дилам,

👁 6

Нашъа аз майхонаи таҳқиқ мехоҳад дилам, То зи қайди ҳалқаи зулфи маҷозӣ бигсалам. Нардбони боми матлаб поя ҷуз ҳиммат надошт, Шоми навмедӣ зи субҳи муддао омад

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Надонам, шамъи рухсори кӣ равшан шуд зи омолам,

👁 7

Надонам, шамъи рухсори кӣ равшан шуд зи омолам, Ки чун парвона сарфи сӯхтанҳо шуд пару болам. Агар сад раҳ китоби ишқро хонӣ, намеёбӣ Ба ҷуз шарҳи ҷунун аз нусх

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Саҳифаи 32 аз 1000