Сипос аз Худо — эзиди раҳнамоӣ
Сипос аз Худо — эзиди раҳнамоӣ,
Ки аз «коф»-у «нун» кард гетӣ ба пой.
Яке, к-аш на озу на анбоз буд,
На анҷом бошад, на оғоз буд.
Тани зиндаро дар ҷаҳон ҷой аз ӯст,
Хуми чархи гарданда бар пой аз ӯст.
Аз он пеш, к-овард гетӣ падид,
Ҳама, ҳар чӣ буд, хост, донисту дид:
Зи гардун шитобу зи ҳомун даранг,
Зи дарё бухору зи хуршед ранг.
Падид оварад неку бад, хубу зишт,
Равон доду тан карду рӯзӣ навишт.
Чунон сохт ҳар чиз б-андози хеш,
К-аз он сохтан кам наёмад, на беш.
Чӣ торӣ, чӣ равшан, чӣ боло, чӣ паст,
Нишон аст бар ҳастияш ҳар чӣ ҳаст.
На ҷойе тиҳӣ гуфтан аз вай равост,
На дидор кардан тавон, к-ӯ куҷост.
Мадон аз ситора бе ӯ ҳеч чиз,
На аз чарху на аз чор гавҳар баниз,
Ки ҳастанд чарху замон роми ӯ,
Наҷӯяд ситора магар коми ӯ.
Нигоре куҷо гавҳар орад ҳаме,
Набошад ҷуз он, к-ӯ нигорад ҳаме.
Ба кораш-дарун нест чуну чаро,
Напурсанд аз ӯ, ӯ бипурсад зи мо.