Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2593

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1712

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1444

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1391

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1126

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1048

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1029

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 841

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 832

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 791

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 731

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 728

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 716

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 698

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 687

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 659

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 633

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 625

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 617

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Найнома

👁 616

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 607

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 582

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 575

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 569

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 557

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

ОНО

👁 12

Субҳ механдаду боғ аз нафаси гарми баҳор, Мекушояд мижаву мешиканад мастии хоб. Осмон тофта дар биркаву з-ин тобиши гарм, Оташ ангехта дар синаи афсурдаи об.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҚИССАИ ХУНИ ДИЛ

👁 10

Марсия дар ёди Эҳсон Табарӣ, ки соли 1368 суруда шудааст ва ба сурати дастхат даст ба даст мегашт. Рӯзгоро, қасди имонам макун, З-он чӣ мегӯям пушаймонам макун.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПАЁМИ ШАҲИД

👁 16

Оҳ, эй модар, паи гӯрам магард, Нақши хун дорад нишони гӯри мард. Он шақоиқ руста дар домони дашт, Гӯш кун, то бо ту гӯяд саргузашт.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

НАВҲАИ МОДАР

👁 20

Юсуфи ман пас чӣ шуд пироҳанат? Бар чӣ хоке рехт хуни равшанат? Бар замини сард хуни гарми ту, Рехт он гургу набудаш шарми ту.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БОНГИ НАЙ

👁 8

(Мухтасар) Боз бонге аз найистон мерасад, Ғам ба доди ғампарастон мерасад. Бишнавед, ин шарҳи ҳиҷрон, бишнавед,

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЧАШМИ БАСТА

👁 8

Чашм бастандам, ки дунёро мабин, Дил зи дунё кандаам ман пеш аз ин. Моли дунё, моли дунё, эй Карим, Бо ту дар дунёву уқбо нангарем.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САР ВА САНГ

👁 12

Сар ба санге мезадам фарёдхон, Посухам омад шикасти устухон. Санги сангиндил чӣ медонад, ки мард, Аз чӣ сар бар санг мекӯбад ба дард?

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ХОБИ ОЙИНА

👁 18

Нақши ӯ дар дил чӣ зебо менишаст, Санги дил ойинаи моро шикаст. Ойина сад пора шуд дар пои дӯст, Боз дар ҳар пора акси рӯи ӯст.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ХУНИ БУЛБУЛ

👁 17

Баҳоро, чӣ ширину шод омадӣ, Ки бо муждадорони дод омадӣ. Бидеҳ доди моро, ки хун хӯрдаем, Ситамҳои он сарнагун бурдаем.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САМОЪИ СӮХТАН

👁 11

Ишқ-шодист, ишқ-озодист, Ишқ-оғози одамизодист. Ишқ-оташ ба сина доштан аст, Дами ҳиммат бар ӯ гумоштан аст.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЁДГОРИ ХУНИ САРВ

👁 16

Дило, дидӣ, ки хуршед аз шаби сард, Чу оташ сар зи хокистар баровард. Замину осмон гулрангу гулгун, Ҷаҳон дашти шақоиқ гашт аз ин хун.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

СОҚИНОМА

👁 15

Биё, соқӣ, он май, ки ҷон офарид, Ба ман деҳ, ки ҷон ҷома бар тан дарид. Куҷо тан кашад бори ҳангомааш, Ки ӯ ҷони ҷон асту ҷон ҷомааш?

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БАҲОРИ ҒАМАНГЕЗ

👁 14

Баҳор омад, гулу насрин наёвард, Насиме бӯи фарвардин наёвард. Парасту омаду аз гул хабар нест, Чаро гул бо парасту ҳамсафар нест?

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОВОЗИ МОҲ

👁 18

Мегузарад он бути нозофарин, Дар дили ушшоқ ниёзофарин. Зери бағал танг фушурда китоб, Умри маро ҷилва диҳад дар шитоб.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ШАМЪ ВА СОЯ

👁 9

Дӯш дар узлати ҷонфарсое, Доштам ҳамдами равшанрое. Шамъ он ҳамдами деринаи ман, Сӯхтанҳоро ойинаи ман.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ТАЛХ ЧУН БОДА, ДИЛПАЗИР ЧУ ҒАМ

👁 14

Рафт он ёру доғ, сад афсӯс, Дар дили доғдори ёр гузошт. Мо сипасмондагони қофилаем, Ӯ ба манзил расиду бор гузошт.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДУБОРА

👁 10

Гар ҷаҳонро набудӣ ин оин, Кай гумон бурдаме зи душману дӯст? Хираду дод аз ҷаҳон гум шуд, В-арна будӣ ҳама ҷаҳон ману дӯст.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БАР БАРГИ ГУЛ

👁 11

Ин лолаҳо, ки дар сари кӯи ту киштаанд, Аз ашк чашму хуни дили мо сириштаанд. Бингар, ки саргузашти шаҳидони ишқро, Бар барги гул ба хуни шақоиқ навиштаанд.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БОНГИ ДАРЁ

👁 24

Сина бояд кушода чун дарё, То кунад нағмае чу дарё соз. Нафасе тоқат озмуда чу мавҷ, Ки равад сад раҳу барояд боз.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

МАСТ

👁 16

Маст аз хоб барангехтамаш, Даст дар зулфи каҷ овехтамаш. Ҷоми он бӯса, ки месӯхт маро, То лаб овардамашу рехтамаш.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САТУРН

👁 5

Оҳ, дар боғи бедарахти мо, Ин табарро ба ҷои гул кӣ нишонд? Чӣ табар? Аждаҳое аз дӯзах, Ки ба ҳар сӯ давиду реша давонд.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ГУЛИ РУЪЁ

👁 15

Туро мехоҳам, эй ойинаи дилхоҳ, Ки бо нози гули руъё шукуфтӣ. Ба ҳар зебо, ки дил бастам ту будӣ, Ки худро дар рухи ӯ менуҳуфтӣ.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҲАСРАТ

👁 11

То дур гаштӣ, эй гули хандон, зи пеши ман, Абр омаду гирист ба ҳоли пареши ман. Эй гул, баҳор омаду булбул тарона сохт, Дигар биё, ки ҷои ту холист пеши ман.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ИШҚИ КУҲАН

👁 8

Ин ишқи куҳан будаи нофарсуда, Пиронасарам намеҳалад осуда. Дар ҳасрати дидори ту кардем сафед, Ин риши парешони ба ашк олуда.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БОЛИ КАБУТАР

👁 11

Шаб дасти сиёҳи хеш бар сар мезад, Аз дур касе боли кабӯтар мезад. Мурғе ба сари шохаи ғам менолид, Дар синаи ман шавқи ту пар-пар мезад.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя
Саҳифаи 200 аз 999