Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БОНГИ НАЙ

(Мухтасар) Боз бонге аз найистон мерасад, Ғам ба доди ғампарастон мерасад. Бишнавед, ин шарҳи ҳиҷрон, бишнавед, Бо найи ноланда ҳамдастон шавед. Бе шумо ин нойи нолон бенавост, Ин навоҳо аз нафасҳои шумост. Он нафас, к-оташ барангезад зи об, Он нафас, к-оташ аз ӯ омад ба тоб. Он нафас, к-оинаро равшан кунад, Он нафас, к-ин хокро гулшан кунад. Он нафас, к-ӯ чун вазад бар осмон, Шӯр бархезад зи ҷони қудсиён. Он нафас, к-аз ин шаби навмедвор, Баркушояд хандаи хуршедвор. Он нафас, к-аз вай чароғи офтоб, Барфурӯзад бо ҳазорон печутоб. Он нафас, к-ай шавқи шӯрангези вай, Бардамад аз ҷони най сад ҳои ваҳй. Дар найистон ҳар замоне нолаҳост, То киро гӯшу забони ошност? Гӯши ҷон то бар лабаш ҳамсоя нест, З-он навоҳои ниҳонаш моя нест. Нола мегардад ба гирдогирди сар, То куҷо гӯш аст гирои асар? Нури беранг асту мавҷи бесадо, Ту, биё, рангу садоро кун адо. Ҳамсафар гаштанд кӯрею каре, Рафта раҳҷӯён ба ҳар буму баре. Шомгоҳе пой дар доман кашон, Бар лаби дарё гузар афтодашон. Мавҷ бармекӯфт бар санг аз қафо, Кӯҳи каф садпора мешуд дар ҳаво. Раъд ҳамчун наърае девонавор, Ҳар тараф метохт бе асбу савор. Озарахш аз кӯҳ меомад фуруд, Чун саворе сурх бар асбе кабуд. Он яке бонги ҳаюллоӣ шунид,