НАВҲАИ МОДАР
Юсуфи ман пас чӣ шуд пироҳанат?
Бар чӣ хоке рехт хуни равшанат?
Бар замини сард хуни гарми ту,
Рехт он гургу набудаш шарми ту.
То напиндорӣ зи ёдат ғофилам,
Гиря меҷӯшад шабу рӯз аз дилам.
Доғи мотамҳост бар ҷонам басе,
Дар дилам пайваста мегиряд касе.
Эй дареғо, пораи дил, ҷуфти ҷон,
Бе ҷавонон монда ҷовидон ҷаҳон.
Бар сари гаҳвора лоло хондамат,
То биҷунбонӣ ҷаҳон, ҷунбондамат.
Дарси паймону вафо омӯхтӣ,
Ҷони модар, ҷони модар сӯхтӣ.
Муждаи домодият мехостам,
Ҳуҷлаат охир зи хун оростам.
Дар баҳори умр, эй сарви ҷавон,
Рехтӣ чун баргрези арғувон.
Арғувонам, арғувонам, лолаам,
Дар ғамат хун мечакад аз нолаам.
Дар дили вайронаам гӯре бикан,
К-ин шаҳидонанд бе гӯру кафан.
Гӯрҳо дар синаи худ кандаем,
Сӯгворонем, мо то зиндаем.
Ин ҳама хун дар дили мо мекунӣ,
Бишканӣ, эй дасти хунӣ, бишканӣ!