Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҚИССАИ ХУНИ ДИЛ

Марсия дар ёди Эҳсон Табарӣ, ки соли 1368 суруда шудааст ва ба сурати дастхат даст ба даст мегашт. Рӯзгоро, қасди имонам макун, З-он чӣ мегӯям пушаймонам макун. Кибриёӣ, хубӣ аз хубон магир, Фазли маҳбубӣ зи маҳбубон магир. Гум макун аз роҳ пешоҳангро, Дур дор аз номи мардон нангро. Гар бадӣ гирад ҷаҳонро сарбасар, Аз дилам уммеди хубиро мабар. Чун тарозуям ба санҷиш оварӣ, Санги судамро манеҳ дар доварӣ. Чунки ҳангоми нисор ояд маро, Ҳубби зотамро макун фармонраво. Гар дурӯғе бар ман орад костӣ, Каҷ макун роҳи маро аз ростӣ. Пой агар фарсудаму ҷон костам, Ончунон рафтам, ки худ мехостам. Ҳар чӣ гуфтам ҷумлагӣ аз ишқ хост, Ҷуз ҳадиси ишқ гуфтан дил нахост. Ҳашмати ин ишқ аз фарзонагист, Ишқ бе фарзонагӣ девонагист. Дил чу бо ишқу хирад ҳамраҳ шавад, Дасти навмедӣ аз ӯ кӯтаҳ шавад. Гар дар ин роҳи талаб дастам тиҳист, Ишқи ман пеши хирад шарманда нест. Рӯй агар бо хуни дил оростам, Равнақи бозори ӯ мехостам. Раҳ сипардам дар нишебу дар фароз, Пой ҳиштам бар сари озу ниёз. Сар ба савдое наёвардам фуруд, Гарчи дасти орзу кӯтаҳ набуд. Он қадар аз хоҳиши дил сӯхтам, То чунин бехоҳишӣ омӯхтам. Ҳар чӣ бо ман буду аз ман буд, нест, Дасту дил танг асту оғӯшам тиҳист. Сабри талхам гар ба ӯ боре надод, Ҳаргизам андуҳи навмедӣ мабод.