Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОНО

Субҳ механдаду боғ аз нафаси гарми баҳор, Мекушояд мижаву мешиканад мастии хоб. Осмон тофта дар биркаву з-ин тобиши гарм, Оташ ангехта дар синаи афсурдаи об. Офтоб аз паси Албурз нуҳуфтасту аз ӯ, Оташин найза бароварда сар аз синаи кӯҳ. Субҳ меояд аз ин оташи ҷӯшанда ба тоб, Боғ мегирад аз ин шуълаи гулгуна шукӯҳ. Оҳ, дерест, ки ман мондаам аз хоб ба дур, Монда дар бистару дил баста ба андешаи хеш. Монда дар бистараму ҳар нафас аз тешаи фикр, Мезанам бар сари худ то биканам решаи хеш. Чист андешаи ман? Ишқи хаёлошӯбе, Ки ба бозуям гирифтаст ба бедорию хоб. Менамояд ба мани шефта дил рух ба фиреб, Мерабояд зи тани хастаи ман тоқату тоб. Он чӣ ман дорам аз ӯ ҳаст хаёле, ки зи дур Чеҳр бартофта дар ойинаи хотири ман. Ҳамчу маҳтоб, ки натвонеш овард ба чанг, Дур аз дасти таманнои ману дар бари ман. Мекунам ҷома ба тан, меравам аз хона бурун, Меравам аз паи ӯ бо дили девонаи хеш. Паи он гумшуда мегардаму меоям боз, Хаставу кӯфта аз гардиши рӯзонаи хеш. Хоб меояду дар чашм намеёбад роҳ, Як тараф ашк раҳаш баставу як сӯй хаёл. Нашнавам нолаи худро дигар аз мастии дард, Оҳ, гӯшам шуда кар, ё ки забонам шуда лол? Чашмҳо дӯхта бар бистари ман сеҳромез, Хоб бар сақф нишастаст чу ҷодуи сиёҳ. Оҳ, аз хеш тиҳӣ мешавам ором, ором, Мегурезад нафаси хастаам аз сина чу оҳ. Бонг бармезанам аз шавқ, ки: Оно! Оно! Ногаҳон мепарам аз хоб кушода оғӯш, Мешавад боз ду дасти ману меафтад суст, Ҳеч кас нест ба ҷуз шаб, ки сиёҳ асту хамӯш.