Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

НИГОҲИ ОШНО

Зи чашме, ки чун чашмаи орзу, Пурошӯбу афсунгару дилрабост. Ба сӯи ман ояд нигоҳе зи дур, Нигоҳе, ки бо ҷони ман ошност. Ту гӯӣ, ки бар пушти барқи нигоҳ, Нишонида амвоҷи шавқу умед, Ки боз ин дили мурда ҷоне гирифт, Саросема гардиду дар хун тапид. Нигоҳе сабукболтар аз насим, Равонбахшу ҷонпарвару дилфурӯз, Барорад зи хокистари ишқи ман, Шароре, ки гарм асту равшан ҳанӯз. Яке нағмаҷӯ шуд ҳамоғӯши ноз, Дар он пурфусун чашми розошён, Ту гӯи нуҳуфтаст дар он ду чашм, Навоҳои хомӯши саргаштагон. Зи чашме, ки натвонам онро шинохт, Ба сӯям фиристода ояд нигоҳ. Ту гӯӣ, ки он нағмаи мусиқист, Ки хомӯш мондаст аз дергоҳ. Аз он дур ин ёри бегона кист, Ки дуздида дар рӯи ман бингарад? Чу маҳтоби поиз ғамгину сард, Ки бар рӯи зарди чаман бингарад. Ба сӯи ман ояд нигоҳе зи дур, Зи чашме, ки чун чашмаи орзуст, Қадам мениҳам пеш андешанок, Худоё, чӣ мебинам? Ин чашми ӯст.