МЕХОҲАМ АЗ ТУ БИШНАВАМ
Мехоҳамат суруд бути базлагӯи ман,
Рӯи лабаш шукуфт гули орзуи ман.
Хандид осмону фурӯ рехт офтоб,
Дар дидаи умедам борони равшанӣ,
Ҷушид ашки шодӣ аз ин партавафканӣ.
Бахшид тозагӣ ба гули гулшани шабоб,
Мехоҳамат шунуфтаму пиндоштам, ки ӯст,
Пиндоштам, ки муждаи он субҳи равшан аст,
Пиндоштам, ки нағмаи гумгаштаи ман аст.
Пиндоштам, ки шоҳиди гумноми орзуст,
Хоби фиреб боз зи лолоии умед,
Дар чашми озмоиши ман ошёна сохт.
Боз аз барои бӯсаи дил хоҳишам тапид,
Мехоҳамат шунуфтаму дунболи ин суруд,
Рафтам ба осмони фурӯзандаи хаёл,
Дидам чу бозгаштам аз ин раҳ шикастабол.
Ин нағма, оҳ, нағмаи сози фиреб буд,
Мехоҳамат бигӯву дигарбораам бисӯз.
Дар шуълаи фиреби дами дилнишини хеш,
То нав кунам умеди шикебофарини хеш.
Оре, ту ҳам бигӯ, ки дар ин ҳасратам ҳанӯз,
Поёни ин фасонаи ногуфтаи туро,
Найранги ин шукуфаи нашкуфтаи туро.
Медонаму ҳанӯз зи афсуни орзу,
Дар домани сароби фиребандаи умед.
Дар ҷустуҷӯи мастии ин ҷоми нопадид,
Мехоҳам аз ту бишнавам, эй дилрабо, бигӯ.