Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ИШҚИ ГУМШУДА

Он шаб, ки бӯи зулфи ту бо бӯсаи насим, Мастона сар ба синаи маҳтоб мегузошт. Бо хандае, ки рӯи лабат ранг менуҳуфт, Чашми ту зери сояи мижгон чӣ ноз дошт? Дар боғи дил шукуфт гули тозаи умед, К-аз чашмаи нигоҳи ту борони меҳр рехт. Печид бӯи зулфи ту дар боғи ҷони ман, Парвона шуд хаёламу бо бӯи гул гурехт. Он ҷо, ки мечакид зи чашми сиёҳи шаб Бар гунаи сапеди саҳар ашки вопасин. В-аз партави шароби шафақ бар ҷабини рӯз, Гул мешавад мастии хандони оташин. Он гоҳ ки мешукуфт гули зарди офтоб, Бар рӯи обгинаи дарёчаи кабуд В-аз ларзаҳои бӯсаи парвонагони бод, Мерехт баргу боз гули нав шукуфта буд. Он ҷо, ки меғунуд чаманзори сабзпӯш, Дар бистари шукуфаи заррини офтоб В-аз чанги боду бӯсаи парвонагони маст, Домони кӯҳ буд чу гесӯ ба печутоб. Он ҷо, ки меҳри кӯҳнишин масту саргарон, Бармегирифт аз раҳи шаб домани нигоҳ. Дар парниёни нозуки маҳтоб мешукуфт, Нилуфари шаб аз дили истахри шомгоҳ. Он ҷо, ки мечакид сиришки ситораҳо, Бар чеҳри нилгун гули шабтоби осмон. Дар ҷустуҷӯи шабнами лағзандаи шаҳоб, Маҳтоб мекашид ба рухсори гул забон. Дар партави нигоҳи хушат шабрави хаёл, Роҳи биҳишти гумшудаи орзу гирифт. Чун сояи умед, ки дунболи орзуст, Дил низ болу пар заду дунболи ӯ гирифт. Овах, ки дар нигоҳи ту он нӯшханди меҳр, Чун кавкаби саҳар бидурахшиду ҷон супурд. Хомӯш шуд ситораи бахти сапеди ман В-аз нав умеди ғамзада дар синаам фусурд. Баргаштам аз ту ҳам, ки дар он чашми худписанд, Он меҳри дилнавоз даме бештар назист.