Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОВОЗИ НИГОҲИ ТУ

Мешунавам, мешунавам ошност, Мусиқии чашми ту дар гӯши ман, Мавҷи нигоҳи ту ҳамовози ноз Рехт чу маҳтоб дар оғӯши ман. Мешунавам, дар нигаҳи гарми туст, Гумшуда гулбонги биҳишти умед, Ин ҳама гаштам ману дилхоҳи ман, Дар нигаҳи гарми ту меорамид. Замзамаи шеъри нигоҳи туро, Мешунавам, бо дилу ҷон ошност. Ашки зулоли ғазали Ҳофиз аст, Нағмаи мурғони биҳиштинавост. Мешунавам, дар нигаҳи гарми туст, Нағмаи он шоҳиди руъёнишин, Боз зи гулбонги ту сар мекашад, Шуълаи ин орзуи оташин. Мусиқии чашми ту гӯётар аст, Аз лаби пурнолаву овози ман, Ваҳ, ки ту ҳам гар битавонӣ шунид, З-ин нигаҳи нағмасаро рози ман.
ОВОЗИ НИГОҲИ ТУ | Шоирон