Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОШНОСӮЗ

Чаро пинҳон кунам? Ишқ асту пайдост, Дар ин ошуфта андуҳи нигоҳам. Туро мехоҳам, эй чашми фусунбор, Ки месӯзӣ ниҳон аз дергоҳам. Чӣ мехоҳӣ аз ин хомӯшии сард? Забон бикшо, ки меларзад умедам. Нигоҳи беқарорам бар лаби туст, Ки мебахшӣ ба шодиҳо навидам. Дилам танг асту чашми ҳасратам боз Чароғе дар шаби торам барафрӯз! Ба ҷон омад дил аз нози нигоҳат, Фурӯ рез ин сукути ошносӯз!