ХУНИ БУЛБУЛ
Баҳоро, чӣ ширину шод омадӣ,
Ки бо муждадорони дод омадӣ.
Бидеҳ доди моро, ки хун хӯрдаем,
Ситамҳои он сарнагун бурдаем.
Ба дар бурда аз дасти бедодгар,
Диле дар ба дар, ғарқи хуни ҷигар.
Диле монда сад захми ханҷар дар ӯ,
Диле кини хуни бародар дар ӯ.
Диле дар азои азизон ба дард,
Надонӣ, ки номард бо мо чӣ кард?
Гирифтанду бурданду овехтанд,
Чӣ хунҳо, ки ҳар субҳдам рехтанд.
Надоданд рухсат, ки бевазане,
Барорад зи сӯзи ҷигар шеване.
На он сӯгворе, ки нагзоштанд,
Ки аз гиря ҳам бозмедоштанд.
Баҳоро, бибин ин дили реш-реш,
Бало бурда аз тоқати хеш беш.
Диле, к-аш ба сад дард оғиштаанд,
Диле, к-аш ба ҳар субҳдам киштаанд.
Баҳоро, ман аз ашки пинҳон пурам,
Ки ин гиряҳоро фурӯ мехӯрам.
Куҷо будӣ, эй корвони умед,
Ки умре дилам интизорат кашид?
Чӣ овардӣ аз роҳи дуру дароз,
Бигӯ он чӣ буд аз нишебу фароз?
Баҳоро, ба ин дашти гулгун гузар,
Ки гирӣ зи хуни шаҳидон хабар.
Бипурс аз шақоиқ, ки чун медамад,
Ки ҷои гул аз хок хун медамад?
Ту рафтию рӯи чаман зард шуд,
Дили боғбони ту пурдард шуд.
Гули арғувони ту бар хок рехт,
Парасту аз ин боми вайрон гурехт.
Ту рафтию омад зимистони сахт,
Ба сӯги ту гардун сияҳ кард рахт.
Фурӯ хуфт хуршеду ях баст об,
Сари бахтбистон гарон шуд зи хоб.