ХОБИ ОЙИНА
Нақши ӯ дар дил чӣ зебо менишаст,
Санги дил ойинаи моро шикаст.
Ойина сад пора шуд дар пои дӯст,
Боз дар ҳар пора акси рӯи ӯст.
Ойина дар ишқбозӣ содиқ аст,
Ойина як дил на, сад дил ошиқ аст.
Солҳо ойина бетасвир монд,
Оҳ, к-ин бе рӯшноӣ дер монд.
Монда дар кунҷи шабистон носабур,
Дидаи бедораш аз дидор дур.
Рӯзгораш чеҳра пӯшид аз ғубор,
То чӣ монад аз ғубори рӯзгор?
Шомгоҳон бо шафақ хун мегирист,
Субҳдам бе меҳр афзун мегирист.
Аз гузори сояҳои абру дуд,
Фикри рақси шуълааш дармерабуд.
Ногаҳон барқе зад он чашми сиёҳ,
Ойина ларзид дар дил з-он нигоҳ.
Гуфт: Инак, вақти дидорам расид,
Сурмасои чашми бедорам расид.
Оҳ, ин ойина ин рӯзи ту нест,
Пушти ин субҳи дурӯғин тирагист.
Эй ғарибафтодаи баргаштарӯз,
Кор дорад бо ту ин ҳиҷрон ҳанӯз.
Ашкҳо хоҳад ҳанӯз аз дида рехт,
Торҳо аз ҷону дил хоҳад гусехт.
Дида барҳам неҳ, к-аз ин субҳи нахуст,
Ҷуз сияҳрӯӣ нахоҳӣ бозҷуст.
Бахти дидоре надорад ойина,
Дида барҳам мегузорад ойина.
Хоб мебинад, ки сар зад офтоб,
Боз шуд лабханди нилуфар бар об.
Хубрӯ омад, ба ороиш нишаст,
Рӯи хуб ороиши ойина аст.
Чун гираҳ банди шаб аз гесӯ кушуд,
Мавҷи абрешим ба дӯш омад фуруд.
Аз баногӯшаш саҳар бармедамид,
Субҳ рӯи шонааш бармедамид.