САТУРН
Оҳ, дар боғи бедарахти мо,
Ин табарро ба ҷои гул кӣ нишонд?
Чӣ табар? Аждаҳое аз дӯзах,
Ки ба ҳар сӯ давиду реша давонд.
Бишнав аз ман, ки ин сатурни шум,
То абад бебаҳор хоҳад монд.
Ҳеч гул аз бараш нахоҳад раст,
Ҳеч булбул бар ӯ нахоҳад хонд.