Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ОРЗУ
Эй дида, туро ба рӯи ӯ хоҳам дод, Аз гиряи шавқат обрӯ хоҳам дод. Механд чу ойина, ки дар ҳуҷлаи бахт, Дасти ту ба дасти орзу хоҳам дод.
ҲАМЗОД
Ҳамзоди дил аст дарду деринаи ман, Андуҳи ҷаҳон аст дар ойинаи ман. Эй кӯҳи куҳан, садои нолидани туст, Ин нола, ки бармешавад аз синаи ман.
ДИДОР
Бархез, дило, ки дил ба дилдор диҳем, Ҷонро ба ҷамоли он харидор диҳем. Ин ҷону дилу дида паи дидани ӯст, Ҷону дилу дидаро ба дидор диҳем.
ЗИНДОН
Пиронасарам ранҷу ғами зиндон аст, Оҳ, аз ғами пирӣ, ки дусад чандон аст. Ман бархии он пири хирадманд, ки гуфт: Дунё ҳама зиндони хирадмандон аст.
ҒАМИ ШЕР
Дар кунҷи қафас пушти хаме дорад шер, Гардан ба каманди ситаме дорад шер, Дар чашми тараш сояе аз ҷангали дур, Эй вой, Худоё, чӣ ғаме дорад шер?
ШУМОРА
Афтода зи бом, хоки даргаҳ шудаам, Чун сояи нимрӯз кӯтаҳ шудаам. Рӯзе шавҳар, падар, бародар будам, Имрӯз ҳамин шумораи даҳ шудаам.
ОН ИШҚ
Он ишқ, ки дида гиря омӯхт аз ӯ, Дил дар ғами ӯ нишасту ҷон сӯхт аз ӯ. Имрӯз нигоҳ кун, ки ҷону дили ман, Ҷуз ёдею ҳасрате чӣ андӯхт аз ӯ.
БУРД
Гар хуни диле беҳуда хӯрдам, хӯрдам, Чандон ки шабу рӯз шумурдам, мурдам. Оре, ҳама бохт буд сар то сари умр, Дасте, ки ба гесӯи ту бурдам, бурдам.
ДАРСИ ВАФО
Эй оташи афсурдаи афрӯхтанӣ, Эй ганҷи ҳадаргаштаи андӯхтанӣ. Мо ишқу вафоро зи ту омӯхтаем, Эй зиндагию марги ту омӯхтанӣ.
ФАРЁД
Чун маҳ, ки зи дашти лола бармехезад, Аз киштаи шаҳр нола бармехезад. Фардо, ки ба растахез дар най бидаманд, Фарёди ҳазорсола бармехезад.
ҲАНӮЗ
Ҳарчанд ки гарди ман барангехтаӣ, Борони бало бар сари ман рехтаӣ. Чун ашк марав зи пеши чашмам, ки ҳанӯз Чун нола ба домони дил овехтаӣ.
ОҲАНГИ САФАР
Имрӯз манам, ки роҳии кӯи туам, Уммеди висол мекашад сӯи туам. То даст расад шабе ба гесӯи туам, Меояму ошуфтатар аз мӯи туам.
ДИЛИ ТАНГАМ
Ман он абрам, ки мехоҳпд биборад, Дили тангам ҳавои гиря дорад. Дили тангам ғариби ин дару дашт, Намедонад куҷо сар мегузорад?
САҲАРХЕЗОН
Саҳархезон ба сарноҳо дамиданд, Нигаҳбонони машъалҳо давиданд. Ғирев аз қалъаи вайрона бархост, Гирифторон ба озодӣ расиданд.
ГУЛИ ЗАРД
Гули зарду гули зарду гули зард, Биё, бо ҳам бинолем аз сари дард. Инон то дар кафи номардумон аст, Ситам бо мард хоҳад кард номмрд.
ГУЛИ ПАРПАР
Гули парпар куҷо гирам суроғат? Садои гиря меояд зи боғат. Садои гиря меояд шабу рӯз, Ки месӯзад дили булбул зи доғат.
ШИКАСТА
Нигоҳи чашми беморат чӣ хастаст, Кабӯтарҷон, кӣ болатро шикастаст? Куҷо шуд боли парвози баландат? Сафеди хушгилам, поят кӣ бастаст?
СУБҲИ ОРЗУ
Хушо, субҳе, ки чун аз хоб хезам, Ба оғӯши ту аз бистар гурезам. Кушоям дар ба рӯят шодмона, Рухат бӯсам, ба поят гул бирезам.
УМЕД
Чӣ хуш барқе ба чашми шаб дурахшид, Чароғамро фурӯғе тоза бахшид. Махон, эй чуғди шаб лолоии шум, Ки пушти парда бедор аст хуршед.
ГИРЯ
Шабе буду баҳоре дар ман овехт, Чӣ оташҳо, чӣ оташҳо барангехт. Фурӯ хондам ба гӯшаш қиссаи ишқ, Чу борони баҳорӣ ашк мнрехт.
САНГ
Саҳаргаҳ дар чаман хушранг шуд гул, Нигоҳаш ксрдаму дилтанг шуд гул. Ба дил гуфтам, ки ноз аст ин, маяндеш, Чу дамте пеш бурдам, санг шуд гул.
ВАСЛ
Дилам гар қисса гӯяд, инак он гӯш, Лабам гар бӯса хоҳад, ин лаби нӯш. Агар шабзиндадорам ин сари зулф, Чу хобам даррабояд, инак оғӯш.
ҶУДОӢ
Чу най менолам аз доғи ҷудоӣ, Дареғо, эй насими ошноӣ. Чунон гаштам ғуборолуди ғурбат, Ки нашносам, ки худ будам куҷоӣ?
ПАРӢ
Парӣ будию бо ман роз кардӣ, Ба нозу ишва ишқ оғоз кардӣ. Маро овоз додӣ, чун расидам, Кабӯтар гаштию парвоз кардӣ.
ТАНҲОӢ
Сапеда сар заду мурғи саҳар хонд, Сипнҳри тира домони зар афшонд. Шабе, гуфтӣ, ба оғӯши ту оям, Чӣ шабҳо рафту оғӯшам тиҳӣ монд.

