Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БАҲОРИ ҒАМАНГЕЗ

Баҳор омад, гулу насрин наёвард, Насиме бӯи фарвардин наёвард. Парасту омаду аз гул хабар нест, Чаро гул бо парасту ҳамсафар нест? Чӣ афтод ин гулистонро чӣ афтод?! Ки оини баҳорон рафташ аз ёд. Чаро менолад абри барқ дар чашм? Чӣ мегиряд чунин зор аз сари хашм? Чаро хун мечакад аз шохаи гул? Чӣ пеш омад? Куҷо шуд бонги булбул? Чӣ дард аст ин? Чӣ дард аст ин? Чӣ дард аст? Кӣ дар гулзори мо ин фитна кардаст? Чаро дар ҳар насиме бӯи хун аст? Чаро зулфи бунафша сарнагун аст? Чаро сар бурда наргис дар гиребон? Чаро биншаста қумрӣ чун ғарибон? Чаро парвонагонро пар шикастаст? Чаро ҳар гӯша гарди ғам нишастаст? Чаро мутриб намехонад суруде? Чаро соқӣ намегӯяд дуруде? Чӣ офат роҳи ин ҳомун гирифтаст? Чӣ дашт аст, ин ки хокаш хун гирифтаст? Чаро хуршеди фарвардин фурӯ хуфт? Баҳор омад, гули Наврӯз нашкуфт? Магар хуршеду гулро кас чӣ гуфтаст? Ки ин лаб баставу ӯ рух нуҳуфтаст? Магар дорад баҳори наврасида, Дилу ҷоне чу мо дар хун кашида? Магар гул наварӯси шӯймурдаст, Ки рӯй аз сӯгу ғам дар парда бурдаст? Магар хуршедро поси замин аст, Ки аз хуни шаҳидон шармгин аст? Баҳоро, талх маншин, хезу пеш ой, Гираҳ во кун зи абрӯ, чеҳра бикшой. Баҳоро, хезу з-он абри сабукрав, Бизан обе ба рӯйи сабзаи нав. Сару рӯе ба сарву ёсуман бахш, Навои нав ба мурғони чаман бахш.