Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ДУ ДАСТРӮМОЛ
Гирифтам дастрӯмоле, ки аз гул буд нозуктар, Муаттар мисли гулҳои дарахтони самаровар, Ба монанди дили софе, ки мебахшад туро дилбар, Зи дасти духтаре, к-ӯ шуд
БА А.С.ПУШКИН
Шоири аъзам! Ту кайҳо шабнишинам кардаӣ, Хешро монанди ҷону дил қаринам кардаӣ, Шеърҳоятро рафиқи беҳтаринам кардаӣ. Меравам аз хона берун бо ту ҳангоми саҳар
БАҲОРИЯ
Баҳор омад, садои булбул омад, Насими фораму бӯи гул омад. Либоси сабзро саҳро ба бар кард, Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.
ҲАМ ДУР НЕСТ
Гуфта будиям, ки меҳмон мешавӣ, Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ. Рӯзу шабҳо интизорам ман ҳанӯз, Бо дили уммедворам ман ҳанӯз.
БА ДУХТАРИ ТОҶИК
Духтари тоҷик, мо хонанда дар тӯи туем, Шодмон сар то ба по чашме, ки бар сӯи туем. Аз ҳамон рӯзе, ки кардӣ пок ашки чашми худ, Ошиқи пурхандалабҳои туву рӯи ту
ДУ РОҲ
Сар шуд ин парвози мо аз роҳи дур Рӯ ба сӯйи кишвари иқболу нур, Мепаридем аз сари чандин диёр Рӯ ба сӯйи сарзамини навбаҳор.
АХВЛЕДИАНИ
Суҳбате буд дар фазои ҷануб Бо рафиқону дӯстони хуб. Суҳбат аз ҳикмати забон мерафт, Аз фазою ситорагон мерафт.
ҚАДАҲИ МАН
Дидани ғоратшуда Ҳиндустон, Ҳолати тоқатшикани ҳиндуён; Дидани як тӯдаи бедарду ғам, Мардуми бегона зи лутфу карам;
ДАР ОРЗУИ ОШЁН
Ба умри худ магар дидӣ касеро, Ки аз рӯи замин безор бошад, Ба фикри осмони беғубору Қадамнорас сари куҳсор бошад.
ХVІІ)
Виска – шароб. Наякӣ карда шираи норанҷ, Ҷустуҷӯ мекунанд симу ганҷ. Ғарбию осиёии судхӯр
ТОҶМАҲАЛ
Дар лаби рӯди Ҷамна дидам ман Қасри монанди моҳ нурафкан. Ёдгори қадим – мақбарае, Пурҳашам, дилпазир манзарае.
САЙЁҲИ ҲИНД
Ба ту, хонандаи азиз, аз нав Менамоям муроҷиат, бишнав: Бо хаёли диёри Ҳиндустон, Ҳиндуи номуроди рӯи ҷаҳон,
ДАР ЁДИ КАС
Нақш бандад солҳо дар ёди кас Дашти бепоёну фарёди ҷарас. Раъду барқу гиряи абри баҳор, Мавҷи баҳру фикри дурии канор
ТАРА-ЧАНДРИ
Ба обу ранги нав Бедил чу омад дар ҷаҳони назм, Аз ӯ ҳусни дигар омӯхт боғу бӯстони назм. Сухан меронд сарбаста, ниҳон медошт маъниро, Ба мисли донаи гавҳар, ки
БОҒИ МУАЛЛАҚ
Дидаам дар Бомбай боғи муаллақ чун биҳишт, Бо қалам тавсифи онро кай тавонад кас навишт. Боғ сабзу акси он рӯзу шабон дар об сабз, Дар даруни об гӯё шуълаи маҳт
РӮДИ ГАНГ
Дар шаби тор оби рӯди Ганг Буд бо акси Каҳкашон ҳамранг. Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд Мисли шамшерҳои занголуд.
МЕҲМОНИ «МАҒРИБӢ»
Ҳеҷ шунидӣ гапи садсоларо, Қиссаи деринаи Банғоларо? Ҳеҷ шунидӣ, ки рухи осмон Ҷилва кунад лаълсифат дар ҷаҳон?
ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
Аз аҳолии Ҳиндустон 60.000.000 нафар ба кастаи «нафратзадагон» тааллуқ доранд. Маро рӯзе ҳикоят кард бобо, Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро:
БОЗГАШТ
Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки Ватан, Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан. Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.
ҲАМСОЯ БОШАМ
Чаро ин қадр, ҷононам, сипоҳӣ? Намесозӣ ба сӯям як нигоҳе. Чӣ мешуд, ки ақаллан мефикандӣ Назар бо гӯшаи чашми сиёҳе.
БАДАХШОН
Бадахшон, сарзамини кӯҳсорӣ, Чӣ хушбоду ҳавову обшорӣ. Калону хурд фарзандони худро Саодатбахш, ҷаноҷон диёрӣ.
БАХТИ ҶОВИДОН
Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам, Қавиазму зафарэҷод халқи қаҳрамон дорам. Ба болои сарам мурғи саодат мекунад парвоз, Замини сабзу хуррам, обҳои зарф
СУРУДИ МАН
Сурудам – ҳофизи рози дили ман, Аниси булбуловози дили ман. Уқоби тезпарвози дили ман, Адиби нуктапардози дили ман.
САҲАРГОҲОН
Бишнав овози маро, мурғи саҳар, То ки аз рози дилам ёбӣ хабар, То ки ҳамовоз гардӣ субҳдам Бо суруди мардуми соҳибқалам.
БА ПОСБОНИ ГАНҶИНАҲО
Солҳо хобидаӣ, эй кӯҳсори тоҷикон, Бар дари ганҷинаҳо чун посбони безабон. Бар сарат ногоҳ пар мезад агар паррандае, Аз дамат месӯхтӣ болу параш дар осмон.

