САЙЁҲИ ҲИНД
Ба ту, хонандаи азиз, аз нав
Менамоям муроҷиат, бишнав:
Бо хаёли диёри Ҳиндустон,
Ҳиндуи номуроди рӯи ҷаҳон,
Кишвари мардуми ҷигарпора,
Халқи бехонумони бечора,
Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам,
Қиссаи хешро давом кунам.
Кӯдаке мегашт бо қуттии худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.
Метавонистӣ, ки дар чашмони ӯ
Пай барӣ аз мақсади пинҳони ӯ.
Медавид он ҳар тараф бо ҷустуҷӯ,
Сӯи ҳар як раҳгузар оварда рӯ.
Огаҳӣ медод симои писар,
К-омадаст ин ҷо вай аз мулки дигар.
Ӯ нарезондаст хуни нофи худ
Дар ҳамин шаҳри лаби баҳри кабуд.
Гашт маълумам, ки афғонбаччаест,
Содаю гумроҳу нодонбаччаест,
Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст,
Меҳмон аз мулки афғон омадаст.
Гуфтам: «Эй сайёҳи ҳинди кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҷисми хурдатро ба пушти Ҳиндукуш
Кӣ ҳаво дод, аз чӣ мегардӣ хамӯш?
Ё туро бахти сиёҳат рондааст?
Боди афғонӣ магар паррондааст?
Баҳри чӣ кардӣ, ту, эй наврасписар,
Аз сари кӯҳи Сулаймонӣ1 гузар?
Кӯҳи Сулаймонӣ-кӯхест дар миёни Афғонистон ва Ҳиндустон.
Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон
Ризқи инсон аст чун оби равон?
Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,
Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ,
Мекунӣ пур доманат аз чормағз,
Аз бананҳову апелсинҳои нағз.
Меравад дар ҷӯйҳояш ҷои об