Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАР ЁДИ КАС

Нақш бандад солҳо дар ёди кас Дашти бепоёну фарёди ҷарас. Раъду барқу гиряи абри баҳор, Мавҷи баҳру фикри дурии канор Мерасад гоҳо ба ёди одамӣ Роҳати ҷон–бӯстони хурраме. Месарояд булбули ширинсухан Рӯзу шаб бо як забон дар он чаман. Дар ҷаҳон кардам сафар ман борҳо, Зиндагӣ санҷидаам бисёрҳо- Дидаам ҳар гуна халқу кишваре, Мамлакатҳои аҷоибманзаре, Дидаам, ки олам аз баҳру бар аст, Хислати ҳар кишвар аммо дигар аст. Мерасад дар ёди кас беихтиёр, Мулки зебое чу рӯи навбаҳор. Дар назар ӯ ҷилва созад гоҳ-гоҳ Аз ақиби пардаи абри сиёҳ; Дар миёни мардуми ин сон диёр Дӯстӣ якбора гардад барқарор. З-ин сабаб балки намудам ҷо ба дил Ёди ёроне, ки кардандам гусел?... З-ин сабаб ҷо кардаам дар ёди худ, Манзари шаҳрею дарёи кабуд Ҳалқаи майдони он аэродром, Дидаҳои пур-умеди издиҳом. Қарнҳо гар зинда монам дар ҷаҳон, Ман ба ёди худ нигаҳ дорам аён Чеҳраҳои тираи ғамнокро, Синаҳои чок-чоки покро, Дастафшону ҳаросон дӯстро, Ҳайкали аз устухону пӯстро. Мо шудем аз ҳашт боғи як чаман – Ҳашт республикаю аз як ватан, Меҳмони кишваре, ки халқи он Умрҳо аз бахт меҷӯяд нишон. Меҳрубон будем мо бо якдигар Мисли фарзандони як модар, падар.