Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТАРА-ЧАНДРИ

Ба обу ранги нав Бедил чу омад дар ҷаҳони назм, Аз ӯ ҳусни дигар омӯхт боғу бӯстони назм. Сухан меронд сарбаста, ниҳон медошт маъниро, Ба мисли донаи гавҳар, ки пинҳон аст дар дарё, На муфтӣ буд, на мулло, на бетавфиқ рӯҳонӣ, Фақат мекард бар дунё нигаҳ бо чашми инсонӣ. Сано бар Комде гӯён, суруде аз Мадан хонон, Ба тори назми худ овард ишқи поки ин ёрон. Ба рақси Комде шайдо, ба овози Мадан мафтун, Навишт ин номаи ушшоқ шоир бо дили пурхун, Ба мисли Комде дар ҳусну дар санъат ҷаҳонгирӣ Ту, эй раққосаи даврон, Тара-Чандри, Тара-Чандри, Дили тоҷику ҳинду чун ду шамъи анҷуман афрӯхт, Ба доғи ин ду шамъи анҷуманафрӯз Бедил сӯхт. Чу дидам дар диёри ту хазони бӯстонеро, Намудам ҷустуҷӯ аз Комде дар он нишонеро, Чу дидам дар сари кӯи ту биншаста ғубореро, Дар он аз Комде ҷустам нишони ёдгореро, Ба вақти рақси мавзунат, ба чашмони пурафсунат, Кабӯтар дар ҳаво, оҳу ба саҳро гашта маҷнунат. Ба вақти чархгардонат, ба гирди пои печонат, Намояд ҷилва дар чашмам пари товус ба домонат. Ба зери анбарин зулфи сиёҳат чун қамар дидам, Дар он аз офтоби Комде гӯё асар дидам, Агар хуршед буд Комде, ту монанди маҳи бадрӣ, Ба рӯйи осмони худ Тара-Чандри, Тара-Чандри. Ғазал мегуфту дур месуфт Ҳофиз – шоири Шероз, Суханро дода дар васфи шумо ҷодугарон пардоз. Дили тоҷику эронӣ муҳаббатгоҳи Ҳофиз шуд, Суруди ошиқон ҳамсуҳбати дилхоҳи Ҳофиз шуд. Дилу ҷонро фидо кард ӯ барои чашми ҷодуе, Ба зулфони суманбӯе, ба холу хатти ҳиндуе. «Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро». Бигӯ, моҳи нави ҳинду, чӣ сон чун зарра пайдо шуд Ҳамон холе, ки дорӣ дар миёни абрувони худ? Наёвардам на дому донаи ҷодугарони ту, На зулфони сиёҳи ту, на холи абрувони ту.