Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

МЕҲМОНИ «МАҒРИБӢ»

Ҳеҷ шунидӣ гапи садсоларо, Қиссаи деринаи Банғоларо? Ҳеҷ шунидӣ, ки рухи осмон Ҷилва кунад лаълсифат дар ҷаҳон? Ҳеҷ шунидӣ ту, ки дар офтоб Об чу симоб хӯрад печу тоб? Ҳеҷ шунидӣ ту, ки кӯҳи баланд Дар сари худ чатр кашад аз паранд? Об равад таг-таги яхҳои пир Мисли ҷавоҳир зи дили ҳар адир. Лолаву себарга ба вақти саҳар Ҳалқабагӯшанд зи лӯълӯи тар. Ҳеҷ шунидӣ, ки баланд аз саҳоб Сайркунон лона гузорад уқоб. Ин ҳамаро бинӣ ту дар Ҳиндукуш, Дар сари кӯҳи абадӣ нуқрапӯш. Ҳеҷ шунидӣ, ки дарахт аз бадан Бол барорад ба ҳавои чаман. Нахл дар он ҷо ба сар андохта, Аз пари товус кулаҳе сохта. Гашта дар он ҷо ватани ҷонварон– Бойтарин сайдгаҳе дар ҷаҳон. Наъраи фил ояду бабру паланг, Савти хуши булбулакон ранг-ранг. Ҳаст замини заҳи пур аз мағок, К-аз нами ӯ мешавад одам ҳалок. Маймуни посӯхта, думсӯхта, Кирми чу гавҳар ба шаб афрӯхта. Ин ҳама дар бешаи Ҳиндустон Воҳиманоканд ба пиру ҷавон. Гар биравӣ ту ба тамошои боғ, Мекунӣ аз бӯй муаттар димоғ. Ҳеҷ надидӣ ту чунин чормағз, Ҳеҷ бад-ин сон ананасҳои нағз. Гар ба гулаш дидаи худ во кунӣ, Ёди рухи духтари зебо кунӣ. Ҳеҷ надидӣ ту чунин оби рӯд, Мисли хуми нилгарӣ каб-кабуд: